Санаи 28 августи соли 2021 дар бинои китобхонаи марказии ноҳия ҳамоиши илмӣ – амалӣ дар мавзӯи “Ташаккули мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва рушди худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар 30 соли Истиқлолияти давлатӣ” доир шуд. Ин ташаббус бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.
Дар кори ҳамоиш намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ, намояндагони Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони Раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, роҳбарони ташкилоту идора, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок доштанд.
Раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нӯмонзода ҳамоишро ифтитоҳ бахшида, ҳадаф аз ташкили чунин ҳамоишро барои иштирокчиён шарҳ дод. Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ дар баромади худ ҳозиринро ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, доир ба дастовардҳои замони истиқлол ибрози назар кард.
Ҳамзамон, дар доираи ҳамоиш сардори Раёсати таъмини ташкили кори судяҳо ва баррасии муроҷиатҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асрорзода Зуҳуриддин, раиси Суди ноҳияи Спитамен муҳтарам Зикирзода Лоиқ Хурсандқул, прокурори ноҳия, мушовири адлияи дараҷаи 1 Раҳмонзода Зафар Раҳматулло, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Насруллоев Ойбек, мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия Дадобоев Назирҷон ва чанде аз дигар иштирокдорон перомуни мавзӯи мавриди матраҳ андешаҳои худро баён намуданд.
Хотиррасон мекунем, ки ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ҷашни истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Спитамен силсилаи тадбирҳои судманд идома дорад, ки ташкили чунин ҳамоиш аз зумраи онҳост.
Маркази матбуоти СОИ ҶТ
Напечатать страницу



