- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР МЕҲВАРИ ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОР – Муовини Раиси СОИ ҶТ Аминзода Зокир

Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик  беназиртарин неъмат ва бузургтарин дастовард дар тамоми давраҳои ҳастии он ба шумор меравад.

Барои эҳё намудани давлатдории миллии тоҷикон ва муаррифии он дар арсаи байналмиллалӣ ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ беҳтарин имконияти таърихӣ буд, ки бо он мо Тоҷикон тавонистем соҳиби ватани озод ва давлатдории миллӣ гардем.

Ин марҳилаи нави таърихӣ дар назди миллати тоҷик иҷрои вазифаи басо пурмасъул, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои миллӣ ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт.

Ба даст овардани истиқлолият, яъне соҳибихтиёрӣ ҷавҳари асосии давлатдорӣ буда, дар ин замина бунёд намуди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона ҳадафи асосии  шаҳрвандони Тоҷикистон гардид.

Барои расидан ба ин ба ин ҳадафҳо Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз заминаҳои ҳуқуқии пайдоиши худ истифода намуда, тули ин солҳо чандин Барнома ва Стратегияҳои миллӣ қабул намуд, ки нақши онҳо дар мустаҳкам намудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон басо муҳим ва арзишманд аст.

Рушди устувори давлат бе мавҷудияти заминаи моддӣ дар як фосилаи кӯтоҳи таърихӣ аз имкон берун буда, барои амалӣ намудани он вақт ва шароити муносиби иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ зарур аст.

Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои то 2030, ки он соли 2016 қабул гардидааст, намунаи барҷастаи пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми Тоҷикистон аст.

Агар ба мундариҷаи Стратегияи милли рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон назар афканем возеҳ муайян аст, ки ҳамаи самтҳои дар он дарҷ шуда аз биниш, рисолат ва ҳадафҳо сар карда то таҳдидҳо ва имкониятҳои рушд ҳама саросар ба Истиқлолияти давлатии мо вобастагӣ дорад. 4 ҳадафи асосие, ки дар ин Стратегия ҷой дода шуда ба мардум пешниҳод шудааст, мавқеи калидиро дар нигоҳдории Истиқлолияти давлатӣ ишғол менамоянд.

Таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фархангӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз оғози даврони истиқлолият то ба имрӯз ҳадафи стратегии давлат ва Ҳукумат буда, дар ҳамин асос ислоҳоти амиқи иқтисодиву иҷтимоӣ густариш пайдо намуда, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар ҳамчун ҳадафҳои стратегии сиёсати давлат муайян карда шудаанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи минбаъдаи ин ҳадафҳо, масъалаҳои таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва пешрафти бахшҳои воқеии иқтисодиёт, ҳамчунин тақвияти иқтидори содиротии кишвар, дастгирии соҳибкорӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити мусоидро ба хотири мунтазам беҳтар гардидани зиндагии сокинони мамлакат, қадамҳои устувор гузошта истодааст.

Бо дарназардошти он, ки рафъи бунбасти нақлиётӣ ва дастрасӣ ба истиқлолияти энергетикӣ ҳамчун авлавиятҳои миллии Тоҷикистон муайян шудаанд, ба такмил ва рушди зерсохтори нақлиётӣ ва энергетикӣ, ки ба густариши тиҷорати дохилӣ, минтақавӣ ва байниминтақавӣ мусоидат менамояд, аҳамияти аввалиндараҷа дода шудааст.

Соҳаи энергетикаи кишвар барои таъмини аҳолӣ ва корхонаву муассисаҳои кишвар бо нерӯи барқ нақши бузург дорад.

Дастрасӣ ба манбаъҳои муосири энергетикӣ ва рушди «энергияи сабз» омили калидии ноил шудан ба рушди устувор буда, асоси иқтидорҳои энергетикиро дар соҳаи гидроэнергетика ташкил медиҳад.

Яке аз масъалаҳои муҳимтарине, ки баъди Истиқлолияти  давлатӣ барои Тоҷикистон пеш омад, ин  раҳоӣ аз маҳдудияти коммуникатсионӣ, яъне кушодани роҳҳои мошингард, роҳҳои оҳану ҳавоӣ ва таъмини алоқа бо тамоми минтақаҳои мамлакат ва кишварҳои дигар мебошад. Аз ин лиҳоз, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи бунёди роҳҳои дорои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир гардида, то ба имрӯз барои аз бунбасти коммуникатсионӣ пурра раҳо намудани кишвар ва ба қаламрави транзитӣ табдил додани кишварамон лоиҳаҳои зиёди сармоягузорӣ амалӣ карда шудаанд ва метавон гуфт, ки мо ба ин ҳадафи худ расидем.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмин намудани амнияти озуқаворӣ, ташкили муҳити бозаргонӣ ва дастгирии инкишоф ва рушди фаъолияти соҳибкориро самти афзалиятноки худ муайян намудааст. Ин аст, ки тайи солҳои охир саҳми бахши хусусӣ дар ҷодаи фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум ва умуман, ҷиҳати рушди иқтисодӣ ва пешрафту ободонии мамлакат хеле назаррас гардидааст.

Дар чанд соли охир дар соҳаи пешбурди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя як силсила ислоҳот, ки ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ,  кам кардани монеаҳои маъмурӣ ва дахолати давлат ба фаъолияти хоҷагидории субъектҳои соҳибкорӣ равона гардидаанд, анҷом дода шуд.

Бояд қайд намуд, ки дар Стратегияи миллии Рушд, рушди сармояи инсонӣ мавқеи муайян ва пешбаранда дорад.

Аз ин рӯ, яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат соҳаи илм ва маориф мебошад. Бо фарорасии Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи илму маорифи тоҷик гардиши куллӣ ва марҳалаи сифатан нави рушду пешрафт  оғоз гардид. Қобили зикр аст, ки дар  ин давра аз ҷониби давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ  гардидани сиёсати  мақсаднок ва босубот дар самти рушди илм ва маориф  тадбирҳои муфид андешида шуда, барои дастгирӣ ва рушди муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва тарбияи кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ корҳои мушаххас ба анҷом расонда шуданд.

Дар марҳалаи ҳозираи инкишофу рушди давлату миллати тоҷик вазифае муҳимтар аз ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими Ваҳдати миллӣ, устувории суботи ҷамъиятӣ, пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ, рушди илму фарҳанг нест. Барои ҳалли бетаъхири ин вазифаҳо тамоми мардуми Тоҷикистон бояд дар атрофи давлат иттифоқу муттаҳид шуда, сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукуматро амалӣ намоянд. Бояд дарк намуд, ки маҳз бо доштани давлати соҳибистиқлол мо Тоҷикон метавонем дар ҷомеаи башарӣ мақоми арзандаи худро  пайдо намоем.