Муовинон судяҳо ва кормандони судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ – Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати сазовор шудан ба мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷу мҳурии Тоҷикистон” муборакбод менамоянд.
Боиси шарафманди ва ифтихор аст, ки дар қатори дигар роҳбарону намояндагони мақомоти қудратӣ, низомӣ, амниятӣ ва судии кишвар аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадрдони гардиданд.
Ба ин муносибат имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор гардид. Дар ҷамъомад муовини Раиси Суди олии қтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминзода Зокир баромад намудар Қаландарзода М.С-ро аз номи тамоми кормандони мудҳои иқтисоди табрик ва муборакбод намуданд.
Қайд карданд, ки Давоми 30-соли соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани нақши занону бонувон дар ҷомеа тадбирҳои назаррас амали гардидаанд. Ва пушида нест махсусан нақшу мақоми занони тоҷик дар идоракунии давлати мавқеъи хосаро ишғол менамояд ва хизматҳои онҳо ҳамеша аз ҷониби роҳбарияту ҳукумати кишвар қадрдони мегардад.
Қайд менамоем, ки дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои содиқонаи собиқадорони мақомоти қудратӣ, низомӣ, амниятӣ ва судии кишвар бо Медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қадр карда шуданд.
Маркази матбуоти СОИ ҶТ



