Аз лаҳзаи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, Тоҷикистон роҳи нави инкишофу тараққиётро ба худ боз намуд, ки дар он шаклҳои гуногуни моликият, гуногунандешӣ ва демократияи халқ кафолат дода шуд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ, Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ҳифзи ҳуқуқ ва озодии инсонро яке аз самтҳои асосии фаъолияти худ қарор дода, онҳоро ба дараҷаи олӣ эътироф ва дар Конститутсия муқаррар намуд. Дар қонунии асосии мамлакат ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазир дониста шуда, дарҷ гардид, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.
Имрӯзҳо мо дар арафаи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Яъне, 30 сол мешавад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол бо роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ иҷтимоӣ пеш меравад ва дар ин муддат дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд.
Маҳз 30 сол пеш дар ин рӯзи таърихӣ, яъне 9-уми сентябри соли 1991 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии мамлакатро эълон намуд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ онро ба расмият шинохтанд, ки ин рӯз барои халқи тоҷик таърихӣ ва фаромӯшнашаванда мебошад. Санаи муҳими таърихи миллати тоҷик ба ҳисоб рафтани 9 сентябр гувоҳи он аст, ки орзуву ормонҳои чандинасраи ин миллат ниҳоят баъди ҳазорсолаҳо аз нав ҷомаи амал пӯшид ва халқи тоҷик аз нав соҳибдавлат шуд.
Ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва Ваҳдати миллӣ яке аз рӯйдодҳои муҳими таърихи навини халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Ин се арзиши муҳими миллӣ ва сарнавиштсоз имкон доданд, ки дар мамлакат сулҳу субот барқарор шуда, ҳаёти ҷомеа ба маҷрои зарурӣ равона шавад, қонунияту тартибот ҳукмрон гардад ва дар ин замина соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёт рушд ёбанд.
Дар 30 соли соҳибистиқлолии мамлакат фарҳангу ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ ва сиёсии шаҳрвандон боло рафта, онҳо бо истифода аз ҳуқуқ ва уҳдадории худ дар чорабинии муҳими сиёсӣ – интихобот ва раъйпурсиҳои умумихалқӣ фаъолона иштирок менамоянд.
Бояд гуфт, ки дар ин солҳо принсипҳои муҳими сиёсати давлату ҳукумати мамлакат дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла, арзиши олӣ эътироф намудани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў, пайравӣ ба принсипҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқи инсон, иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар ин самт ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ ин соҳа ташаккул ёфтанд.
Пас аз эътироф шудани Тоҷикистони ҷавон ба узвияти созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ аксарияти санадҳои байналмилалии соҳаи ҳуқуқи инсон ба тасвиб расонида шуданд.
Аз он ҷумла, Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ, Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбат ба занон, Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, Конвенсия оид ба ҳуқуқи кўдак, Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи ҳимояи ҳуқуқи ҳамаи коргарони муҳоҷир ва аъзои оилаҳои онҳо ва ғайраро метавон мисоли равшани ин гуфтаҳо номид.
Мавриди зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шахсони ятим, бепарастор, маъюбон, нафақахӯрон ва занон диққати махсус зоҳир намуда, ҳуқуқ ва озодиҳои ин қишрҳои ҷомеаро осебпазир ва арзишманд дониста, барои онҳо тамоми шароитро фароҳам овард.
Ғайр аз ин, «давлат ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахс, озодии сухан, нашр, истифодаи воситаҳои ахбор, муттаҳид шудан дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттифоқҳои касаба, ҳуқуқ ба таҳсил, манзил, ҳифзи иҷтимоӣ ва ғайраро кафолат медиҳад».
Зикр намудан ба маврид аст, ки дар даврони Истиқлолият дар баробари ташкили асосҳои қонунгузорӣ, инчунин механизми муайяни мақомоти давлатӣ таъсис дода шуданд, ки фаъолияти онҳо ба ин ё он васила ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд алоқаманд аст.
Таъсис додани Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи ҳуқуқи байналмилалии башардўстӣ, Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кўдак, Комиссияи байниидоравии муқовимат ба савдои одамон аз ҷумлаи корҳое мебошанд, ки раванди риоя, ҳифз, ҳимоя ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва амалисозии уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистонро дар ин самт ҷоннок намудаанд.
Дар маҷмуъ, ҳамаи ин корҳо танҳо дар шароити озодӣ ва оромию осудагӣ амалишаванда мегардад ва чунин шароитро танҳо Истиқлолияти давлатӣ муҳайё карда метавод. Бинобар ин, Истиқлолиятро дар маънои том озодӣ, оромӣ ва донаи умеди дуруахшон ба рушди оянда гуфтан мумкин аст. Аз ин рӯ, ин неъмати арзишнокро ҳифз ва ба қадри ин дастовард расидан мебояд.
Напечатать страницу