Санаи 18 августи соли 2021 дар толори Суди Олии иқтисодӣ ҷаласаи навбатии Гуруҳи кории салоҳиятноки байниидоравӣ ҷиҳати иҷрои банди 9.2.-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки Ҷаҳонӣ барои солҳои 2019-2022, бобати таҷдиди назар кардани қонунгузорӣ оид ба таъмини гардиши ҳуҷҷатгузории электронӣ барои хизматрасониҳои “давлат ба соҳибкорон” ҷиҳати таъмини автоматикунонии кори судҳо, баргузор гардад.
Ба ҷаласаи навбати намояндагони Суди Олӣ, Вазорати адлия, Вазорати молияи, Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи андоз, Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шудаанд.
Дар ҷаласа ҳамчунин қайд гардид, ки дар ин давра лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба моддаи 157 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби Суди Олии иқтисодӣ омода карда шуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буд. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ гардида, бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 декабри соли 2020 таҳти №1731 қабул гардида, айни ҳол мавриди амал қарор дорад.
Қайд менамоем, ки бо мақсади таъмини иҷроиши банди 9.2 Нақшаи чорабиниҳо бо Фармоиши Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини иҷрои Нақша гуруҳи корӣ таъсис дода шудааст.
Ҷаласаи аввали Гурӯҳи кории байниидоравӣ 16 декабри соли 2020 ва гурӯҳи кории дохилиидоравӣ 30 декабри соли 2020, 07 апрели соли 2021 ва 03 майи соли 2021 баргузор гардида, лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба мавриди коркард қарор доданд.
Аъзоёни гурӯҳи кории Суди Олии иқтисодӣ низоми қонунгузории давлатҳои аъзои ИДМ ва баъзе давлатҳои минтақаи Аврупоро дар ин самт мавриди омӯзиш қарор дода, ворид намудани тағйироту иловаҳоро ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи имзои электронии рақамӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нотариати давлатӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсолоти иҷро” ва дигар қонунгузории соҳавиро ба мақсад мувофиқ шумориданд.
Чунончӣ, зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо вобаста ба масъалаҳои дар шакли ҳомили электронӣ пешниҳод намудани аризаи даъвогӣ (ариза), шикоят, эътироз, дархост ва дигар ҳуҷҷатҳо, тариқи почтаи электронӣ ва дигар воситаҳои алоқа дастрас намудани санадҳои судӣ ва ё даъвати шахсони иштироккунандаи парванда, тавассути низоми автоматикунонидашудаи иттилоотӣ муайян намудани ҳайати суд барои баррасии парвандаҳо, иштирок дар маҷлисҳои судӣ бо роҳи истифодаи низоми алоқаи видео-конфронс ва амсоли ин, ҷой дорад.
Дар охир ба иштирокчиёни ҷаласа дастур дода шуд, ки фикру мулоҳизаҳои худро оид ба лоиҳаи омодагардидаи Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур кунанд ва инчуин дар ҷаласаи оянда ба қонунҳои соҳавии худ лоиҳаи тағйиру иловаҳоро ҷиҳати иҷрои банди 9.2.-и Нақшаи чорабиниҳо омода намоянд.
Маркази матбуоти СОИ ҶТ