- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Спитамен: Омодагиҳо ба ҷашни истиқлоли давлатӣ вусъат дорад

Санаи 14 августи соли 2021 намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ ҳамроҳ бо Раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нӯмонзода аз як қатор иншоотҳои ҷашнӣ дар ноҳияи Спитамен дидан намуданд. Ин иқдом ҷиҳати шиносоӣ бо рафти омодагиҳо баҳри сазовор таҷлил намудани ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд.

Зимни боздид вазъи бунёди объектҳои ҷашнӣ мавриди шиносоӣ қарор гирифта, барои сифатнок ҷамъбаст намудани сохтмон ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Аз ҷумла, дар доираи ин тадбир иншоотҳои ҶДММ “25-солагии Истиқлолият” ва ҶДММ “Шири ноҳияи Спитамен” мавриди боздид қарор гирифта, ҷиҳати бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ маслиҳатҳои муфид ироа гардид.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ