Санаи 29- уми июл, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Спитамен ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи муваққатии деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен меҳмони олиқадрро Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода М. С., раиси вилояти Суғд Раҷаббой А. ва раиси ноҳияи Спитамен Нуъмонзода Т. пешвоз гирифтанд.
Нахуст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен бо фаъолияти корхонаи паррандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Файзи саҳар” шинос шуданд.
Дар хоҷагӣ асосан мурғи тухмдеҳ парвариш карда мешавад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки айни замон дар корхонаи паррандапарварии “Файзи саҳар” 133 ҳазор сар мурғ ва 40 ҳазор чӯҷа парвариш меёбад.
Роҳбарияти ҷамъият тасмим гирифтаанд, ки то охири соли равон саршумори паррандаро ба 200 ҳазор сар расонанд.
Дар корхонаи паррандапарварӣ дар як моҳ то 2 миллион дона тухм истеҳсол мегардад ва дар шаш моҳи соли равон истеҳсоли тухм ба 12 миллион дона расонида шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона дастур доданд, ки иқтидори мавҷуда самаранок истифода карда шавад. Дар ин сурат шаҳрвандон бо ҷойи корӣ доимӣ таъмин гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба маротиб афзун мегардад. Ин раванд дар таъмини бозори истеъмолӣ бо гушти парҳезӣмусоидат хоҳад кард.
Масоҳати умумии заминҳои корхонаи паррандапарварии “Файзи саҳар” 11 гектарро ташкил медиҳад. Дар ин масоҳат се сехи истеҳсолӣ, анбор барои нигаҳдории хӯроки парранда ва омода намудани он, ҳамзамон дигар иншооти ёрирасон сохта шуда, дар боқимонда заминҳо маҳсулоти кишоварзӣ кишту парвариш карда мешавад.
Айни замон дар корхона 30 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд.
Дастгириҳои давлатӣ ва пешбинӣ гардидани имтиёзҳо ба соҳаи паррандапарварӣ давоми солҳои охир ба рушди фаъолияти корхонаи “Файзи саҳар” таъсири мусбӣ расонидааст. Соли 2020 дар ҷамъияти мазкур тақрибан 17 миллион дона тухм истеҳсол гардида, ин нишондод дар соли 2021 ба беш аз 20 милион дона расонида мешавад.
Раванди фаъолият дар фабрикаи мазкур бо технологияи муосир ба роҳ монда шудааст. Аз сехи истеҳсолӣ ба воситаи таҷҳизоти худкор ба масофаи 250 метр маҳсулоти истеҳсолӣ то ба анбори чиниши тухм интиқол меёбад.
Бояд гуфт, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи саҳар” дар баробари паррандапарварӣ дорои корхонаи коркарди ғалла ва истеҳсоли орд мебошад.
Масъулини корхона маҳсулоти истеҳсоли худиро ба намоиш гузоштанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати маҳсулоти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи саҳар” баҳои муносиб дода, супориш доданд, ки дар ҷавоб ба ғамхориҳои давлату Ҳукумат ҷамъият дар корҳои ободонӣ саҳми бештар гузорад.
Мавриди зикр аст, ки дар пайравӣ ба сиёсати созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбариятиҶамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи саҳар” дар обод намудани роҳҳои мошингарди ҳудуди деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен саҳм гузошта, дар умум то имрӯз 7 ҳазор метри мураббаъ роҳҳоро мумфарш кардааст. Корхона дар нақша дорад, ки ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ барои корҳои ободониву созандагӣ маблағҳои зарурӣравона намояд.
Дар даромадгоҳи корхонаи паррандапарварии “Файзи саҳар” кишоварзони ноҳияи Спитамен маҳсули дастранҷи худро ба намоиш гузоштанд.
Маҳсулоти нониву кишоварзӣ, ки натиҷаи заҳмати меҳнаткашони ноҳия мебошад, аз фаровонҳосиливу самараи талошҳо ва самаранок истифода намудани замин дар ин ноҳия дарак медод.
Кишоварзони ноҳияи Спитамен баҳри амалӣ шудани ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ садоқатмандона меҳнат намуда, дар нимсолаи якуми соли 2021 дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 88 миллиону 81 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол намудаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз растаҳои маҳсулоти кишоварзӣва дигар анвои хӯрокворӣ таваҷҷуҳи деҳқонону заминдорон ва фаъолони ноҳияи Спитаменро ба масъалаи самараноку оқилона истифода намудани замин, истифодаи тухмиҳои хушсифат ва бо ин васила баланд бардоштани ҳосилнокӣ, дар умум рушди соҳаи кишоварзӣ ҷалб намуданд.
Сипас, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамени вилояти Суғд Қасри “Сомониён”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба рушдиҳамаҷонибаи деҳот мусоидат намуд.
Иншооти мазкур дар доираи корҳои созандагиву ободонӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатииҶумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби бародарон Мақсудҷон ва Мансурҷон Раҳмоновҳо бо харҷи зиёда аз 1 миллиону 600ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.
Қасри “Сомониён” бо тарҳу намои зебо сохта шуда, баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти мазкур 10 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Дар тарабхонаи барҳавои иншооти нав бунёдшуда Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 100 нафар ятими кулл аз шаҳру ноҳияҳои Спитамен, Бӯстон, Гулистон, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич ва Зафаробод мулоқот намуданд.
Қобили зикр аст, ки Пешвои раиятпарвари тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар сафари кориашон нахуст аз ҳолу аҳволи ятимону кӯдакони бепарастор бохабар гардида, нисбати ин қишри ҷомеа ғамхорӣ зоҳир менамоянд.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯдаконро бо фарорасии 30-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳният намуда, таъкид доштанд, ки Ҳукумати мамлакат ҳамеша ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа, ба хусус ятимон таваҷҷуҳи ҳамаҷониба равона месозад. Давлату Ҳукумати Тоҷикистон сарпарастии ятимонро ба дӯши худ гирифтааст ва то ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳодани онҳо, барои таълиму тарбия ва ба камол расиданашон тамоми шароити заруриро муҳайё месозад. Дар ҷавоб ба ин ғамхорӣ наврасону ҷавононро зарур аст, ки илм омӯзанд, донишҳои замони муосирро аз худ намуда, дар оянда ҳамчун фарзанди содиқи Ватан ба халқу давлат хизмати шоиста намоянд.
Дар ин рӯз 100 нафар ятими кулл аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз меҳрубониву ғамхории падаронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бархӯрдор гардиданд. Ба ятимон тӯҳфаҳои моддиву пулии Сарвари давлат тақдим карда шуд.
Маҳз натиҷаи сиёсати инсондӯстонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз фарзандони аз оилаҳои ниёзманд ва ятиму бепарастор аз имтиёзҳо бархӯрдор гардида, дар муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии мамлакат ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ дар асоси ғамхориҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ятимону фарзандони оилаҳои ниёзманд бо манзилҳои истиқоматӣ таъмин ва аз саодати оилавӣ бонасиб гардида, бо шукргузорӣ аз ин давлати ободу озод кору зиндагӣ доранд.
Кӯдакони ятим, ки бо амри тақдир аз падару модар маҳрум гардида, имрӯз зери ғамхории давлату Ҳукуматқарор доранд, ба Президенти мамлакат муҳратам Эмомалӣ Раҳмон самимона изҳори сипос намуда, ваъда доданд, ки дар оянда муассисаҳои олиро бо донишу интизоми намунавӣ хатм мекунанд ва дар иҷрои рисолати фарзандии худ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
