- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Ваҳдат пояи давлат – Гулмаҳмадова Мавзуна, корманди дастгоҳи суд

Сулҳи некоғози мо андар мадори Ваҳдат аст,

Қалби софу чашми мо ойинадори Ваҳдат аст.

Ваҳдати миллӣ дар инкишофи ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, ислоҳоти рукнҳои давлатдорӣ аз рўи принсипҳои соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонагии Тоҷикистон нақши мондагор дорад ва аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ барои муттаҳиду сарҷамъ сохтани миллат, хотима бахшидан ба низоҳои дохилӣ, таъмини сулҳу субот ва амнияти мардум иқдомҳои шоистаро рӯи кор овард.

Созишномаи тақдирсози умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ барои тоҷикон иттиҳод, ягонагӣ, якпорчагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, амнияту осоиштагӣ, ифтихори миллӣ, ҳамзистии осоишта, ҷараёни бомароми созандагию ободониро дар кулли соҳаҳо ҳадя овард.

Дар ҳақиқат дар байни миллатҳои мутамаддини олам мисли миллати тоҷик кам халқе вомехӯрад, ки борҳо ба вартаи нобудшавӣ наздик шуда, баъди ҳар шикасту нокомӣ барои истиқлолияту бақои худ мубориза бурдааст ва аз нав ба зинаҳои баландтарини рушду нумўъ  расидааст.

Имрӯз кишвари мо аз файзу баракати истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ дар шоҳроҳи рушди устувор қарор дошта, сатҳу сифати зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва эҳсоси худшиносиву ифтихори миллии ҳамватанони мо  торафт таҳкиму густариш меёбад.

Мутаасифона, дар оғози ҳазорсолаи сеюм дар нуқоти  гуногуни сайёра  миллионҳо нафар мардуми осоишта ба хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳои мазҳабиву геосиёсӣ дучор шудаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният табдил ёфтааст, ҷомеаи ҷаҳониро ба тавиш андохтааст ва ба тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла ба Тоҷикистон таҳдид намуда истодааст.  Ҳадафҳои сиёсии ашхоси алоҳида ва гуруҳҳои онҳо — таҳдиду зӯроварӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, тағйир додани сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият, барангехтани низоҳои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад. Терроризм ва найрангу ҳангомаҳои ифротгароӣ ба дину мазҳаб ва миллати ҷудогона мансуб нестанд ва аз бархӯрди тамаддунҳои ғарбию шарқӣ низ сарчашма намегиранд, балки сатҳи пасти маърифат, бесаводию ноогоҳӣ,   канор мондан аз маданияту фарҳанг, разолат, ноҷавонмардӣ, кӯрдилӣ, миллатбадбинӣ ва ватанфурўшӣ худ сарчашмаи асосии пайдоиши ин зуҳуроти номатлуби замони муосир мебошанд.

Аз ҳама сермаъмултарин фитнаангезии замони имруза гумроҳ кардани мардум дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад, яъне душманони миллат фурсатро барои ҳадафҳои нопоки худ истифода бурда, фазои ободу озод, муҳити орому осудаи кишварамонро мехоҳанд вайрон созанд. Бо истифода аз иғвову дасиса ва нотавонбинии худ дар зеҳну шуури мардуми осудаҳол мехоҳанд ақидаҳои бадбиниро бунёд созанд. Ҳанӯз чандин садсола муқаддам падари маъниҳо – Абулмаонӣ Абдулқодири Бедил гуфта буд:

Бетамизиҳои мардум аз сухан пайдо шавад,

Пистаи бемағз гар лаб во кунад, расво шавад.

Аз ин рӯ мо бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошем, зеро ки фаъолияти чунин равияҳои экстремистӣ, радикалӣ ва хурофотпарастӣ яке аз омилҳои асосии хатарзо барои имрӯзу фардои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа ба шумор меравад ва аз мо андешидани чораҳои муштаракро талаб менамояд.

Шукрона, ҳоло хурду бузурги Тоҷикистон қадру манзалати сулҳу ваҳдати миллиро хуб дарк намудаанд. Мардуми мо, хеч гоҳ, дигар хатову иштибоҳоти гузаштаро такрор намекунад. Кушишу ғайрат ва талошу заҳмати дастҷамъонаамон ҳатман моро комёб, ояндаи дурахшонамонро таъмин намуда, Тоҷикистонро ба кишвари пешрафтаю обод табдил медиҳад. Миллати сарбаланди мо ҳамчун миллати фарҳангсолору соҳибтамаддун гӯши панду андарзшунав дорад, фармудаву гуфтаҳои қобили қабулро хуш мепазирад ва дар ҳалли муаммову мушкилот машварату маслиҳатро муҳим меҳисобад.

Пешвои муаззами миллат доимо таъкид менамоянд, ки «Мо бояд кушиш намоем, ки бо амалҳои солеҳ, аз ҷумла бо инсондӯстӣ, ҷавонмардӣ, саховатпешагӣ ва ҳимматбаландӣ умр ба сар барем, кумаки худро аз дигарон дареғ надорем, аз дилозорӣ парҳез кунем, накӯкориро шиори зиндагӣ қарор дода, якҷоя барои рӯзгори босаодат талош намоем ва суннатҳои неки фарҳанги миллӣ ва урфу одатҳои писандидаи халқамонро бо сифатҳои боз ҳам баланди инсонӣ ба ояндагон ба мерос гузорем. Зеро инсонҳо танҳо бо кумаки якдигар саодатманд шуда метавонанд. Агар мо рӯзгори хешро бо инсондӯстӣ, хайрхоҳӣ ва дилнавозӣ пеш барем, зиндагиамон боз ҳам беҳтар шуда, сатҳи маънавиёту фарҳанги аҳли ҷомеа баланд меравад ва ҳурмату эҳтиром нисбат ба падару модарон, бузургсолон ва миёни одамон боз ҳам устувор мегардад».

Воқеан ҳам мо бояд ташаббускору ташкилотчӣ бошем ва саҳми бевоситаи худро дар ободии мулки аҷдодӣ гузорем, тамоми қувваи худро ба хотири ободии Ватани маҳбубамон равона созем, зеро ки Ваҳдат – пояи давлат ва ояндаи неки миллати мо мебошад.

Ваҳдати миллии мо ба хотири рафъи таҳдидҳои муосир ва таъмини сулҳу суботи пойдор равона гардидааст ва мо ҳеҷ гоҳ намегузорем, ки мушкилоту хатарҳои муосир амнияту оромию осоиштагии Ватани азизамонро  парешон намояд. Мо итминони комил дорем, ки пирўзиҳои мардуми шарифу сарбаланду ваҳдатофари тоҷик бо талошҳои Роҳбари сулҳофарину мардумсолору адолатпешаи  мо дар масири рушди устувор ва мавқеи қотеъонаи он дар арсаи мубориза бо ин падидаи номатлуб абадӣ ва ҷовидона мебошанд.

Дар ростои таҷлили ҷашни бузурги миллатамон Рўзи Ваҳдати миллӣ ҳамаи ҳамватанони азизро бо ин ҷашни фирӯз табрик намуда, гуфтанӣ ҳастам, ки тоҷику тоҷикистонӣ будан, ба миллати соҳибтамаддуну қадимаи тоҷик тааллуқ доштан мояи ифтихор аст ва ҳамзамон аз ҳар як фарди ҷомеа масъулияти бузургро  талаб дорад. Бинобар ин, бо арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва таърихиву фарҳангии хеш ва ифтихори баланди ватандорӣ мо бояд на танхо худ бо шинохти масъулият бошем, балки ин ҳақиқати равшанро ба насли ҷавон низ биомӯзонем,  инчунин, мо бо бояд тамоми донишу таҷриба, инчунин нерўи зеҳнӣ ва маънавӣ, ҳамаи захираву имкониятҳоро баҳри ободии Ватани маҳбуб, сарзамини аҷдодӣ, таъмини зиндагии шоиста сафарбар намоем, чунки паёми сулҳу ваҳдату дӯстии Пешвои муаззами миллатамон ба ниҳоди поки дилҳо ва ҷонҳои мардуми тоҷик макон дорад, ки саршори сафои сулҳу дӯстӣ ва бародариву хайрхоҳӣ мебошад ва баҳри рушду нумуъи Тоҷикистони азиз равона гардидааст.