Имруз шанбегӣ аз тоза намудани гирду атрофи бино оғоз гардида, кормандон партовҳои сохтмониро аз мавқеи корҳои азнавсозӣ ва бунёдкорӣ дар назди бино тоза намуданд.
Қайд менамоем, ки корҳои ободонӣ ва сохтмонӣ дар саҳни бино ва гиду атрофи он, бо мақсади сазовор ҷашнгирии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба талаботи замон ҷавобгӯ намудани даромадгоҳи бино ба нақша гирифта шуда буд, ба анҷом расид.
Инчунин барои истироҳату фароғати ронандагони суд ҳуҷраи алоҳида бунёд карда шуда дар ҳоли ба истифода додан қарор дорад.
Дар идомаи шанбегӣ кормандон майдони боғи дарахтон ва гулҳои ороишии судҳо аз алафҳои бегона тоза намуда, зери дарахтонро нарм намуданд.
Маркази матбуоти СОИ ҶТ



