Бе ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ ва тафаккури таҳлилию созанда риояи талаботи қонун ва дарки моҳияти ҳуқуқу уҳдадориҳо аз ҷониби шаҳрвандон ғайриимкон мегардад. Айни замон Тоҷикистон дар раванди ташаккули давлати ҳуқуқбунёд ва демократию иҷтимоӣ қарор дорад. Ташаккули чунин давлат бидуни сатҳи баланди фарҳанги ҳуқуқӣ ғайриимкон буда, фарҳанги ҳуқуқӣ чун пояи асосии таъсиси давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ баромад менамояд. Ҷойи махсусро дар ин раванд аз тарафи худи шаҳрвандон дарк гардидани нақши асосии худ дар ҷомеа ишғол менамояд. Бидуни дониши ҳуқуқӣ- моҳияти ҳуқуқ ва мавқеи арзишии он дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи мардум дар корҳои идоракунии давлатӣ, дар шакли демократӣ таъсис додани давлат ва мустаҳкам намудани принсипҳои асосии он имконнопазир аст. Бинобар ин, рушди чунин фарҳанг мақсади асосии ҷомеа ва давлати имрӯза мебошад.
Аммо дар раванди бавуҷудорӣ ва инкишофи чунин фарҳанги волои маънавӣ мушкилоте низ ҷой доранд, ки дар давраҳои муайяни таърихӣ, дар натиҷаи ҳодисаҳои гуногуни иқтисодӣ ва сиёсӣ ва миён меоянд. Вазифаи муҳими ҳам давлат ва ҳам шаҳрванд дар он зоҳир мегардад, ки чунин мушкилиҳоро ошкор намуда, роҳҳои ҳал ва пешгирии минбаъдаи онҳоро ҷустуҷӯ ва дарёфт намоянд. Пеш он оне ки дар ҷодаи ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ қадами устувор ниҳем, мо бояд оид моҳияти фарҳанги ҳуқуқӣ маълумоти кофӣ дошта бошем. Оиди худи мафҳуми фарҳанги ҳуқуқӣ нуқтаҳои назари гуногун ҷой доранд. Масалан, профессор Сотиволдиев Р. Ш. фарҳанги ҳуқуқиро чун як шакли фарҳанги ҷомеа маънидод менамоянд, ки аз сатҳи инкишофи ҳуқуқии ҷомеа дар робита бо ҳамаи унсурҳои воқеияти ҳуқуқӣ шаҳодат медиҳад.[1]
Фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа қисмате аз фарҳанги умумӣ буда, аз маҷмӯи донишҳои ҳуқуқие иборат мебошад, ки фаъолияти ҳуқуқии ин ё он ҷомеаро (қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, шуури ҳуқуқӣ, низоми қонунгузорӣ) муайян менамояд. Фарҳанги ҳуқуқӣ мафҳуми комплексӣ буда, ҷабҳаҳои гуногунро ифода менамояд: сатҳи фарҳанги ҳуқуқии ҷамъият; таъмини озодии инсон аз ҷониби давлат, ки ба алоқамандӣ ва ҳамбастагӣ асос ёфтааст; низоми ҳуқуқӣ; рафтори ҳуқуқӣ ва м. и. Фарҳанги ҳуқуқӣ бештар дар риоягардии принсипҳои ҳуқуқӣ ифода меёбад. Он намунаи рафтори шахсро ба вуҷуд оварда, тавассути шуури ҳуқуқӣ ба рафтору кирдори ӯ таъсир мерасонад, ки яке аз элементҳои асосии фарҳанги ҳуқуқӣ мебошад.
Оиди фарҳанги ҳуқуқии шахси алоҳида сухан намуда, чунин хусусиятҳоро ҷудо намудан мумкин аст: донистани принсипҳои ҳуқуқ ва қонунҳо, эътимод ба қонун, адолат, таъмини қонуният ва амалисозии фаъолияти ҳуқуқӣ. Тарбият намудани чунин хислатҳо дар ҳар як узви ҷомеа, на танҳо вазифаи давлат, балки институтҳои дигари иҷтимоӣ (мактаб, оила, муассаҳои варзишӣ) низ мебошад, зеро маҳз ҳамин унсурҳо ба тарзи зиндагии ҷомеа таъсири ҳалкунанда мерасонанд. Тавассути унсурҳои номбаршуда дар шахс хислатҳои лозима тарбия меёбад, ки дар натиҷа ба ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлатӣ ҳуқуқбунёд мусоидат менамоянд.
Фарҳанги ҳуқуқӣ сифати ҳаёти ҳуқуқии ҷомеаро муаяйян мекунад. Сифати ҳаёти ҳуқуқии ҷомеа бо сатҳи инкишофи ҳуқуқии ҷомеа, сифати кории мақомоти ҳуқуқэҷодкунӣ ва татбиқи ҳуқуқ, сифати қонунҳо, сифати кории судяҳо, тарзҳои самараноки фаъолияти ҳуқуқӣ, сифати ҳимояи ҳуқуқи инсон, сифати донишомӯзӣ, сифати таълими касбии ҳуқуқӣ, сатҳи донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон ва гуруҳҳои алоҳидаи аҳолӣ муайян мешавад. Агар шаҳрванд оиди қонунҳо ва тағйиротҳои он, санадҳои зериқонунӣ ва меъёрҳои танзимкунандаи муносибатҳои ҳуқуқии ҳамарӯзаи худ (оилавӣ, меҳнатӣ, гражданӣ) огоҳ бошад, давлат ва ҳуқуқ уҳдадориҳои байниҳамдигарии худро дуруст ба роҳ монда метавонад. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд комилан амалӣ мегарданд. Дар ҳамин ҳолат худ шахс ҳавасманд мегардад, ки оиди қонунгузорӣ дониши бештар дошта бошад, то ин ки муносибатҳои ҷамъиятиро дуруст ба роҳ монда тавонад. Фарҳанги ҳуқуқӣ сарҳади ҳуқуқии рафтори одамон ва озодии субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқиро муқаррар менамояд, ба фаъолнокии субъектҳои ҷамъият мусоидат менамояд, қонуниятро мустаҳкам ва адолати иҷтимоиро пойдор месозад. Умуман, ин тамоюл метавонад шароити зиндагии мусоид ва арзанда муҳайё созад.
Албатта, дар ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва амсоли онҳо нақши назаррас доранд.
Ба масъалаи ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ коста гардидани арзишҳои меъёрии дигари иҷтимоӣ, масалан аҳлоқ низ таъсир мерасонад. Инкишофи сатҳи ҷинояткорӣ ва беаҳамиятии ҷамъият ба амалҳои ғайриқонунӣ, масъалаҳои тарбияи дурусти ҷамъият ва аъзоёни онро мекоҳонанд.
Баъзе масъалаҳои фарҳангии ҷомеаи имрӯза алҳол зикр карда шуд, ҳоло бошад онҳоро мушаххастар баррасӣ хоҳем кард:
а) Сатҳи пасти фарҳанги ҳуқуқии хизматчиёни давлатӣ, ки қисмате аз мақомотҳои давлатӣ ба шумор рафта, ба фаъолияти ҳуқуқмуҳофизавӣ, ҳуқуқтатбиқкунӣ ва ҳуқуқэҷодкунӣ машғул ҳастанд. Ин боиси қабул карда шудани санадҳои меъёри ҳуқуқие мегарданд, ки оқибат ба қарори нодуруст ва ноадолатонаи мақомоти судӣ оварда мерасонанд.
б) Қисми бештари аҳолӣ ба қонунӣ будани меъёрҳои ҳуқуқии мавҷуда шубҳа намуда, худро дар амният ҳис намекунанд ва ба мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда ва ҳуқуқтатбиқкунанда эътимод надоранд. Чунин муносибат дар ҳолате ба миён меояд, ки аз тарафи шахсони мансабдор беҳурматӣ ва ё нигилизм нисбат ба ҳуқуқ зоҳир карда шавад.
в) Қисми бештари мардуми кишвар фарҳанги ҳуқуқии кофӣ дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ ва қонуншиносӣ надоранд. Бо баробари ин мардуми бештари Тоҷикистон барои гирифтани маълумотҳои ҳуқуқӣ, бастани аҳдҳо, имзои шартнома ба ҳуқуқшинос муроҷиат нахоҳанд кард.
г) Ташаккулёбии фарҳанги ҳуқуқӣ, зери таъсири муҳити беруна ба амал меояд, ки бештар ба муҳити ҳуқуқии ҷомеа вобаста аст. Дар ВАО, махсусан шабакаи интернет, маводҳои гуногун ба нашр мерасанд, вале сарчашмаҳои аниқ ва дуруст, на он қадар зиёданд, ки аз воқеияти он шаҳодат диҳад.
Ба назари мо, баҳри баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа зарур аст аз чунин усулҳое истифода намоем, ки тавонанд дар ҳалли ин мушкилот мусоидат намояд. Масалан, самаранок истифода намудани захираҳои кадрии кишвар. Ба фаъолияти ҳуқуқӣ бояд олимон ҷалб карда шаванд. Баҳсҳои ҳуқуқӣ дар суд ва ёрии ҳуқуқӣ бояд танҳо аз тарафи ҳуқуқшиносони баландихтисос ба амал бароварда шавад; муҳайё намудани шарту шароитҳое, ки ба таҳаввулоти илми ҳуқуқшиносӣ мусоидат менамоянд; ташаккули таҳсилоти ҳуқуқшиносӣ- бурдани тадқиқот, пайдо намудани равияҳои нав, ташаккули мактабҳои ҳуқуқӣ ва м. и; рӯшан намудани фаъолияти қонунгузорӣ ва интишор намудани маълумотҳои ҳуқуқии дастраси ҳамагон; паҳн намудани маслиҳатҳои ҳуқуқии ройгон; ташкил ва гузаронидани курсҳои ҳуқуқӣ ва семинарҳои такмили ихтисоси кормандони соҳаи ҳуқуқ; бо истифода аз ВАО паҳн намудани маълумотҳо оиди коркарди санадҳои меъёри ҳуқуқӣ, таълими ҳуқуқ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ; рушди фаъолияти ҳуқуқмуҳозифавӣ ва ғайра.
Фарҳанги ҳуқуқӣ сатҳи баланд, миёна ва паст дошта метавонад. Ҳамзамон фарҳанги ҳуқуқӣ аз сохти иҷтимоӣ, маънавӣ, сиёсӣ ва иҷтисодӣ вобастагӣ дошта, яке аз шаклҳои фарҳанги ҷомеа маҳсуб мебошад, ки бо фарҳанги маънавӣ, ахлоқӣ, сиёсӣ робитаи дорад.
Роҷеъ ба фарҳанги ҳуқуқӣ нуқтаи назари антропологӣ, сотсиологӣ ва фалсафӣ вуҷуд доранд. Аз нуқтаи назари антропологӣ мафҳуми фарҳанги ҳуқуқӣ неъматҳоеро дар назар дорад, ки аз ҷониби инсон офарида шудаанд. Аз нигоҳи сотсиологӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ ҷузъи ҳаёти ҷомеа буда, маҷмӯи арзишҳои маънавӣ мебошад. Аз нуқтаи назари фалсафӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ аз ҷумлаи падидаҳое эътироф мешавад, ки бо роҳи дарки фалсафӣ муайян мешавад.
Дар назарияи фардӣ фарҳанги ҳуқуқӣ чун натиҷаи фаъолияти маънавии инсон, маҷмӯи арзишҳои маънавии эҷоднамудаи инсон таҳлил мешавад. Назарияи низомнокӣ фарҳанги ҳуқуқиро дар иртибот бо ҷомеа, бо назардошти антропология, этнография ва идораи иҷтимоӣ меомӯзад. Дар заминаи ин ду назария фарҳанги ҳуқуқии шахсӣ ва фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа ҷудо карда мешаванд. Фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа сатҳи шуури ҳуқуқӣ, қонуният, такмили қонунгузорӣ ва амалияи ҳуқуқро инъикос намуда, ҳамаи арзишҳоеро фаро мегирад, ки аз тарафи одамон дар соҳаи ҳуқуқ эъҷод шудаанд.
Фарҳанги ҳуқуқӣ шаклҳои гуногун дорад. Бо дараназардошти сатҳи аз худ намудани падидаҳои ҳуқуқӣ, фарҳанги ҳуқуқии муқаррарӣ, касбӣ ва илмӣ ҷудо карда мешаванд.
Вобаста ба самти фаъолияти ҳуқуқӣ, фарҳанги ҳуқуқии сивилӣ, криминалистӣ, маъмурӣ, судии марофиавӣ, судии иқтисодӣ, суди конститутсионӣ ҷудо карда мешаванд.
Бешубҳа, ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии ҷамъият ба ташаккули минбаъдаи фарҳанги ҳуқуқӣ, тарбияи шаҳрвандони аз ҷиҳати ҳуқуқи маълумотнок, ки дар амалисозии қонунҳо фаъолона иштирок менамоянд, алоқамандии ногусастанӣ дорад. Беҳуда нест, ки таъмини волоияти қонун ва ташаккули маърифати ҳуқуқӣ дар ҷомеа баробари дигар унсурҳои давлати демокративу ҳуқуқбунёд, аз қабили таҷзияи ҳокимият, таъмини ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, масъулияти дуҷонибаи давлат ва шахсият аз рӯйи аҳамият дар як сатҳ ниҳода шудаанд. Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ошкоро иброз менамояд: “Мамлакате, ки дар он қонунро риоя ва эҳтиром намекунанд, рӯй ба таназзул меорад”. Яъне ҳар қадар дар ҷомеа тартиботи ҳуқуқӣ дуруст риоя шавад, ҳамон андоза пешрафт муяссар мегардад. Воқеан, проблемаи фарҳанги ҳуқуқӣ танҳо аз моҳияти ҳуқуқӣ иборат нест, ё худ танҳо мазмуни ҳуқуқӣ надорад. Балки бо маҷмӯи арзишҳои маънавӣ, аз қабили расму анъанаҳои миллию ахлоқӣ оид ба некию накӯкорӣ, шафқату дилсӯзӣ, ростӣ, ҳақиқат, покӣ, адолат ва дигар арзишҳои дар таърихи мавҷудияти миллат исботшуда робитаи ногусастанӣ дорад.
Хулоса, барои ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ, бартарафсозии нигилизми ҳуқуқӣ, беэътиноӣ ба қонуну тартибот, тарғиби донишҳои ҳуқуқӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Дар баробари ин ҷалб гардидани кулли муассисаҳои таълимию фарҳангӣ, мақомоти давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва бунёдҳои хайрия, дар баланд бардоштани сатҳи шуури ҳуқуқии мардум нақши муҳим мебозанд. Ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ ба ҷомеаи мутамаддини тоҷик дар таъсиси давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат намуда, боиси расидан ба сатҳи волои маънавӣ мегардад.
Фаррухзода Комрон Фаррух – котиби маҷлиси судии
Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон