- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Спитамен: омодагиҳо ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни З0 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Оид ба омодагиҳо ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни З0 ­солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2018, №510 “Дар бораи ҷашн гирифтани З0 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” роҳбарияти Суди Олии иқтисодӣ рӯзҳои  11-13 июни  соли ҷорӣ  ба ноҳияи Спитамени вилояти Суғд сафари корӣ анҷом дода шуд.

Зимни сафари корӣ,  роҳбари  гуруҳи корӣ  бо раиси ноҳия ва масъулони  соҳаҳои мухталиф  машварати корӣ доир намуда, аз рафти корҳои   анҷомдодашуда   дар иншоотҳои   ҷашнӣ ва корҳои ободонию бунёдкорӣ  пурсон шуданд. Аз ҷумла, ҷиҳати иҷрои банди 286 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ”Дар бораи ҷашн гирифтани  30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 31 октябри соли 2018, таҳти №510  аз кашидани хати оби нушокӣ дар дехаи Куркати ҷамоати деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен  дидан намуданд.  Қайд кардан ба маврид аст, ки васлкунии қубурҳо бо маром идома дорад. Сохтмони ҳавзи нигоҳдории об  ба анҷом расида, корҳои сохтмонӣ дар болопӯши ҳавз идома дорад. Ба  роҳбарияти  ширкати  пудратчӣ  ҶДММ   “Куркат -2015”   Соҳибов А.  дастур дода шуд, ки ҷиҳати то ҷашнгирии 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода  додани  иншооти мазкур тадбирҷӯӣ намояд (аксҳо  замима мегарданд).

Мувофиқи маълумотҳои  пешниҳоднамудаи ноҳия, то соли 2021 таъмир ва таҷдиди 410 адад иншоотҳо аз тарафи буҷети маҳаллӣ ва ҳам бо дастгирии соҳибкорон ба нақша гирифта шуда, дар давоми солҳои 2018, 2019 ва 2020 ва панҷ моҳи соли 2021 – 382 адад боназардошти иншоотҳои иловагӣ, ё ин ки 93,2 фоизи нақша иҷро карда шудааст. Дар соли 2021 сохтмон, таъмир ва азнавсозии 65 адад иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки иҷрои он то санаи 1 июни соли равон 37 адад, ё ин ки 56,9 фоиз иҷро гардидааст.

Зимни  сафари корӣ   бо мақсади  санҷиши дурусти маълумотҳои пешниҳоднамуда аз  сохтмони иншоотҳои ҷашнии  ҷамоатҳои деҳоти Турсун Улҷабоев, Куруш,  Истиқлол ва шаҳраки Навкат дидан намуда, бо масъулон ва сохтмончиёни  ин иншоотҳо  суҳбат ороста, ҷиҳати дар муҳлатҳои кутоҳ ба истифода  додани иншоотҳо тавсияҳои дахлдор  дода шуд.

Мувофиқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи  маҳаллии  ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен оид ба таҷлили  ҷашни 30 солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  дар ҷамоати   шаҳраки Навкат  сохта ба истифода додани  76 адад иншоотҳои соҳаҳои гуногун пешбинӣ гардида, аз ин дар  69 адад иншоотҳо корҳои сохтмонӣ иҷро гардида, дар  7 адади дигар  идома дорад.  Аз ҷумла, тибқи  нақша    азнавсозӣ ва таъмири кулли майдони Ғалаба дар  шаҳрак  пешбинӣ гардида, корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот  идома  дошта, масъулини  шаҳрак  ният доранд, ки  то ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ онро пурра супоранд. Ғайр аз ин, дар 2 адад  сохтмони  бинои 3 ошёнаи  нуқтаи хизматрасонӣ, кошонаи ҳусн ва хонаи истиқоматӣ, ки аз ҷониби  соҳибкорон Эргашев М. ва Абдуқодиров Ҷ. пешбинӣ гардидааст, корҳои сохтмонӣ   идома дошта, ошёнаи дуюм дар ҳар ду иншоот  сохта   шудааст. Сохтани бинои   панҷошёнаи маркази хизматрасонӣ, меҳмонхона, толори варзишӣ, ки  аз ҷониби   соҳибкор Абдураҳимов Ш.  пешбинӣ гардидааст,  сохта  шуда, корҳои рангуборкунӣ идома дорад. Бунёди тарабхонаи замонавӣ дар кучаи  Саидов аз ҷониби соҳибкор Раҳмонов М. пурра  анҷом ёфта, дар марҳилаи   супоридан қарор дорад.

Мутобиқи нақша  дар  Ҷамоати деҳоти Турсун Ӯлҷабоев сохта ба истифода  додани 63 адад иншоотҳо  пешбинӣ  гардида,  37 адад иншоотҳо  пурра  супорида шуда, корҳои сохтмонӣ  дар 26  иншоот  идома  дошта, суръати  иҷрои нақша  нисбатан  суст ба роҳ монда  шудааст.Гуруҳи корӣ  бо иҷрокунандагон суҳбати ҷиддӣ  гузаронида, баҳри тезонидани  корҳои нақшавӣ  ҳидоят карда шуд.

Дар Ҷамоати  деҳоти Куруш сохта  ба истифода  додани   30 адад иншоот пешбинӣ гардида, 26 адади он  сохта  ба истифода  дода шуда, корҳои  сохтмонӣ  дар  4 иншоот идома дорад.

Дар Ҷамоати деҳоти  Истиқлол  мувофиқи  нақша  сохта  ба истифода додани 30 адад иншоот дарҷ гардида, ки аз он корҳои  сохтмонӣ дар  17 иншоот  ба итмом расида,  пурра барои истифодабарӣ   супорида шудааст, дар боқимонда   13 адад иншоотҳо  корҳои сохтмонӣ идома дорад.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ