- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Наврӯзи оламафрӯз хонаву кошонаи мардуми моро нуру зиё мебахшад

Ҷашни Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимтарини бостонии мардуми тоҷик аст, ки гузаштагони мо тули асрҳо онро бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегирифтанд ва то ҳол қадру манзалати худро нигоҳ дошта ба сатҳи байналмиллалӣ расидааст. Илова ба он ки Наврӯз ҷашни оғози сол, бедории табиат ва оғози кишту кор ба шумор меравад, инчунин ҷашнест, ки дар ҷараёни он як қатор суннату оинҳои давлатдорӣ расм гардидааст. Ин ҷашн дар ҳақиқат рӯҳи солим дорад ва дар оини мардуми мо сароғози зиндагии нав ва амалӣ шудани ормонҳо ба шумор меравад.

Тавре дар яке аз баромадҳояшон Пешвои миллат таъкид намудаанд, “Наврӯзи оламафрӯз хонаву кошонаи мардуми моро нуру зиё мебахшад, дар вуҷуди одамон поктарин эҳсосот ва волотарин умеду орзуҳоро бедор месозад”.

Вобаста ба пайдоиши ҷашни олимону мутафаккирон ба таври гуногун иттилоот додаанд. Аз ҷумла, Фирдавсии бузург дар асари безаволи хеш “Шоҳнома” пайдоиши Наврӯзро чунин тавсиф менамояд:

Чу хуршеди тобон миёни ҳаво,

Нишаста бар ӯ шоҳи фармонраво.

Ҷаҳон анҷуман шуд барии тахти ӯй,

Фурӯ монда аз фарраи бахти ӯй.

Ба Ҷамшед бар гавҳар афшондаанд,

Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.

Наврӯз фалсафаи соддаю мураттаби худро дорад. Пеш аз ҳама тибқи фаҳмиши зардуштиён ҳар як ориёӣ барои пешвоз гирифтани Наврӯз тайёрии ҷиддӣ дида, ба соли нав  пок, тоза аз ҳама гуна бадӣ, ҷиноят, зулм ва ғайра пой мегузошт. Махсусан, тоза кардани хонаҳо, ҳавлӣ, пухтани таомҳои хос, либоси нав роиҷ буд. Субҳи содиқ ба чашма рафта дар он ба якдигар об мепошиданд, ки маънои сафедӣ, покӣ, файз, пок шудан аз гуноҳҳоро дошт.

Аҷиб аст, ки хӯроки асосии Наврузӣ дар Тоҷикистон суманак дар оғози баҳор бадани инсонро бо витаминҳое ғанӣ мегардонад, ки то расидан ба марҳилаи пухта расидани меваи нав, тани шахс аз он неру мегирад.

Қобили зикр аст, ки фалсафаи асосии Наврӯз – покӣ, равшанӣ, некукорӣ, меҳнати ҳалол кардан, ҳаққи ҳалол хӯрдан аст.

Наврӯз барои мардуми мо на танҳо хушнудиву шодмонӣ меорад, балки як восита ва айёми созандагиву ободкорӣ буда, ба пешрафту ободии ҳар як хонадон, маҳалли зист, шаҳру ноҳия ва дар маҷмӯъ, ба ободии сарзаминамон мусоидат менамояд.

Наврӯз дар Тоҷикистон бо шарофати истиқлолияти давлатӣ эҳё гардида, шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо карда ва ба яке аз ҷашнҳои бузургу муқаддаси миллии мардуми тоҷик табдил ёфтааст. Фазилати Наврӯз – ҳамчун ҷашни пайванди инсон бо табиат – аз вусъати амалҳои созандаву ободгарона, сабзонидану парвариши ниҳолҳо ва бунёди боғҳо иборат аст.

Дар айёми наврӯзӣ ҳаёт бар марг, садо бар сукунат ва гармӣ бар сардӣ ғалаба мекунад, ки ин ҳама боиси дилгармии инсон, пеш аз ҳама, марди деҳқон ба зиндагӣ мегардад.

Ин буд, ки имрӯз Наврӯз ба қатори дастовардҳои Бузурги ғайримоддии халқҳои ҷаҳон дохил гардида, дар сессияи 64 Ассамблеяи Генералии СММ  соли 2010 оид ба “Рӯзи байналмилалии Наврӯз” – 21 март қарор (резолютсия)  қабул шуда, барои ташаккулу рушди Наврӯз омӯзиши амиқи суннатҳои ба он алоқаманд таъкид карда шуд.

Пас аз ҷаҳонӣ шудани иди Наврӯз Созмони Милали Муттаҳид ва ташкилоти он – ЮНЕСКО суманак дар кураи заминро бо навиштаҷоти “Рӯзи Наврӯзи байналмилалӣ” ҳамчун рамзи наврӯзӣ интихоб карданд ва он дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карда шуд.

Дар ин ҷараён ду рамз аз тарафи Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар асоси хулосаҳои донишмандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон омода карда шуда, дар мувофиқа бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои солҳои 2019-2021 тасдиқ гардидаанд. Минбаъд суманак ва гули наврӯзӣ ҳамчун рамзи миллӣ барои ҷашнгирии Соли нави миллӣ ва Наврӯзи байналмилалӣ истифода мегардад.

Пешвои миллат саривақтӣ иброз доштаанд, ки “Эҳёи ҷанбаҳои мардумии Наврӯз, тарғибу таблиғи мунтазами суннатҳои ин ҷашни бостонӣ, оммавӣ гардонидани ғояву арзишҳои ҷовидонаи он ва ба ин восита, таҳким бахшидани пояҳои фарҳангии зиндагии ҷомеаи мо яке аз вазифаҳои муҳимтарини аҳли зиё мебошанд”.

Айниҳол ҷашни Наврӯз байналмилалӣ гаштааст ва ин воқеан ҳам ифтихори халқи тоҷик ва тоҷикистониён аст, зеро мардуми олам бо урфу одат, анъана ва тамаддуни халқи тоҷику ориёиён ошно гашта, бо забони тоҷикӣ “Наврӯз муборак” мегӯянд ва забони мо низ дар дунё номвар мегардад.

Наврӯзатон муборак бошад, ҳамдиёрони азиз. Дар охир гуфтаниям:

Ҳаррӯзатон Наврӯз бод,

Наврӯзатон фирӯз бод.

Судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наимзода Бахтиёр