Имрӯз аз ҷониби роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат баҳри сарсабзу хуррам гардонидани як гушаи пойтахти азизамон шаҳри Душанбе, дар иншооти варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ воқеъ дар шаҳраки 14-уми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба таври дастаҷамъона шанбегӣ гузаронида шуд.
Дар шанбегӣ дар гирду атрофи иншоот корҳои тозагӣ, нармкунии зери дарахтон ва гулҳои ороишӣ, аз алафҳои бегона тоза намудани майдони дарахтони ороиши ва ҳамешасабз, анҷом дода шуд.
Ҳамчунин аз ҷониби роҳбарияти суд ба нақша гирифта шуд, ки то ҷашни байналмилаии Наврӯз ба воситаи ҳашару ташкили шанбегиҳо дар иншооти мазкур корҳои барқароркуни ва рангуборкунии нишасткурсиҳо, дастгогу лавозимотҳои майдончаи варзишии универсалӣ, майдончаи бозию дилхӯшии кӯдакон ва гӯшаи машқу тамрин, гузаронида шавад.
Қайд менамоем, ки иншооти варзишӣ ва фарҳангию фароғатии мазкур санаи 5 майи соли 2018 дар пайгирии сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Судҳои иқтисодӣ ва Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи ҳашару ташкили шанбегиҳои ҳарҳафтаина сохта шудааст.
Маркази матбуоти СОИ ҶТ
Напечатать страницу





