Тавре маълум аст, Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистон санаи 26-уми январи соли 2021 ироа гашт, ки дар он дар қатори ҳамаи дастоварду комёбиҳо, ва камбудиҳои соли гузашта инчунин оиди бемории сироятии КОВИД – 19 гуфта гузаштанд.
Пешвои миллат дар Паёми худ таъкид намуданд, ки мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ имрӯзҳо ҷаҳонро буҳрони шадиде фаро гирифтааст, ки дар сад соли охир бори аввал ба миён омада, боиси таназзули ҷиддии иқтисодиёти ҷаҳон гардидааст. Пайомадҳои пандемия ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба рушди иқтисоди миллӣ, буҷети давлатӣ, гардиши савдои хориҷӣ, қурби асъори миллӣ, инчунин, ба фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонии кишвари мо низ таъсири манфии худро расонида истодаанд. Аз ҷумла ба соҳаи тандурустӣ барои хариди доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ, бунёди беморхонаҳои муваққатӣ ва дастгирии кормандони тиб аз буҷети давлат 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ равона карда шуда, дар кишвар барои табобати пурра ва саривақтии шахсони гирифтори бемории сироятии КОВИД –19 беш аз 30 беморхона бо 7000 кат ва 5400 нафар табибону кормандони тиббӣ сафарбар гардида, ғайр аз ин, дар 92 муассисаи тиббӣ 16 ҳазор кат омода карда шуд.
Бинобар ин, бо мақсади таъмини рушди минбаъдаи босуботи иқтисодиёти кишвар ва коҳиш додани таъсири буҳрони шадиди иқтисодӣ, ки тамоми ҷаҳонро бинобар сар задани бемории Ковид-19 фаро гирифтааст, Президенти малакат Вазорати молияро вазифадор карданд, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳо таҳияи лоиҳаи Кодекси андозро дар таҳрири нав бо дарназардошти сабук гардонидани пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, бахусус, соҳибкории истеҳсолӣ ба анҷом расонида, то моҳи март ба Ҳукумат пешниҳод намояд.
Дар шароити имрӯзаи буҳрони иқтисодӣ, ки тамоми ҷаҳонро дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии “Ковид 19” фаро гирифтааст, ин иқдомҳои Сарвари давлат саривақтӣ ва зарурӣ буда, имконият медиҳанд, ки таъсири оқибатҳои ин буҳрон ба иқтисодиёти мамлакатамон пасттар гардида, минбаъд низ рушду нумӯи онро таъмин намояд
Дар давраи пандемия бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ва соҳибкорони ватанӣ тибқи Фармони Президенти мамлакат аз 5 июни соли 2020 сабукиҳои зиёди андозиву қарзӣ ва имтиёзу ҷубронпулиҳо ба маблағи умумии беш аз 450 миллион сомонӣ пешниҳод карда шуданд.
Илова бар ин, дар давраи пандемия аз ҷониби ташкилотҳои қарзии кишвар ҷиҳати коҳиш додани таъсири пандемия ба зиёда аз 260 ҳазор нафар муштариён ба маблағи 2 миллиарду 300 миллион сомонӣ имтиёзҳои вобаста ба қарздорӣ пешниҳод гардида, ба соҳибкорони истеҳсолӣ 4 миллиард сомонӣ қарз дода шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2019–ум ду фоиз зиёд мебошад.
Новобаста аз он, ки аз оғози моҳи январ соли равон дар кишварамон сироятшавии шаҳрвандон ба бемории КОВИД – 19 ба қайд гирифта нашудааст, Сарвари давлат таъкид намуданд, ки мо мисли пештара бояд ҳушёр бошем, ба қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ эътибори ҷиддӣ диҳем ва ҳамдигарро эҳтиёт кунем. Бо мақсади пешгирии бемории сироятӣ, дар соли 2020–ум 108 иншооти нави тандурустӣ бунёд ва 283 иншоот аз таъмири асосӣ бароварда шудаанд. Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат зарур донистанд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ масъалаи таъсиси Маркази ҷумҳуриявии микробиология ва вирусшиносиро мавриди омӯзиш қарор дода, пешниҳодҳои худро оид ба ҳалли ин масъала ба Ҳукумати мамлакат манзур намояд.
Тавре, ки ҳамагон аз вазъи буҳронӣ пандемия мушоҳида карда бо чашмони худ дидем, ки кишвари моро аниқтараш моҳои май, июн ва июли соли гузашта ҳолати вазнини бемории мазкур фаро гирифта буд ва худ шоҳиди он гаштем, ки озодӣ ва саломатӣ ин неъмати гаронбаҳо ва пурарзиш мебошад, ки Худованди мутаъол ба мо бандагонаш додааст, зеро, ки қабл аз хуруҷи пандемия Душанбе шаҳри мо чиқадар шаҳри зебо, дилфиреб ва мафтункунанда буд, ки дар тамоми хиёбонҳо, гулгаштҳо ва боғҳояш гурӯҳ – гурӯҳ мардумон хурсандона ва сарҷамона сайругашт намуда, ҳамчунин нақлиётҳо, автобусҳо ва микроавтобусҳо дар хизматӣ сокинони пойтахтамон сафарбар буданд. Мардуми кишвари мо аз қадимулаём мардуми меҳмондӯст, меҳмоннавоз ва меҳрубон буданд, ки байни ҳамдигар бо роҳи дӯстӣ, иттифоқӣ, бародарию баробарӣ ва меҳрубонона рафту омад менамуданд, аммо дар давраи хуруҷи пандемия дар кишвари биҳиштосоямон ҳолатҳое ба назар мерасид, ки дар чунин вазъияти мураккаб ҳамаи урфу одатҳои дар боло зикрнамудаамон гум шуда, ҳатто ҳолатҳое мушоҳида мешуд, ки одамон аз ҳамдигар роҳи гурезро меҷустанд, касе ба касе лозим набуд, ҳатто фарзанд ба аёдати падару модари худ намерафтанд ё ҳангоми бемориашон ба онҳо наздик ҳам намешуданд, инчунин ҳангоми беморӣ ва ё фавти ягон аъзои оила, хешу ақрабо, ёру дӯстон онҳо ба ҳамдигар наздик намешуданд. Ҳатто ҷасадҳояшон дар ғоибиашон ба хок супорида мешуданд илова бар ин, дар ҳамин давраи мудҳиш дар хиёбонҳо ва гулгаштҳои Душанбе шаҳри азизамон, ки пеш аз рафтуомади сокинон ва нақлиётҳояш ҷилва зада медурахшид, чунон хомушӣ ва оромӣ ҳукмфармо буд, ки гуё ба назар мерасид, ки барои вазъияти мураккаби бар сари сокинонаш омада гиря намуда истодааст. Аз ин рӯ, мо бояд ҳамеша ба қадри саломатӣ, озодӣ ва ободии кишвари маҳбубамон бирасем.
Ҳамаи ин аз он далолат медиҳад, ки мо бояд ҳамеша хоксор, фурӯтан ва байни ҳамдигар дӯст, иттифоқ ва самимӣ бошем, зеро ки ин дунё ба касе содиқ намемонад, аз ин рӯ кӯшем, ки ба халқу ватанамон хизмати шоиста карда, каме ҳам бошад дар самти рушд ва гулгуншукуфоии кишвари маҳбубамон саҳми назаррас гузошта номи неки худро боқи гузорем.
Боқӣ сарбаланду муваффақ бошед хонандагон ва дӯстонӣ гиромиқадр.
Корманди дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ Қодиров С.