Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мавзӯи “Танзими ҳуқуқии баҳсҳои муфлисшавӣ ва барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ: назария ва амалия” машғулияти омӯзишӣ ва машваратӣ баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш Раис, муовинон ва судяҳои судҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон Судҳои иқтисодии вилояти Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе, намояндагони Прокуратураи Генералӣ, Вазоратҳои адлия, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Бонки миллӣ ва мудирони махсус ширкат намуда, вобаста ба мавзуъҳои дар барномаи машғулияти пешбинишуда баромадҳо намуданд.
Чорабинии мазкурро раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ оғоз намуда , иброз доштанд, ки солҳои охир теъдоди парвандаҳои муфлисшавӣ ва барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ дар судҳои иқтисодӣ тамоюли афзоиш дорад. Таҳлили амалияи судӣ нишон медиҳад, ки зимни ҳалли баҳсҳои мазкур дар самти тартиб ва таъини мудирони махсус, иҷрои уҳдадориҳо аз ҷониби мудирон, бозхонди иҷозатнома барои анҷом додани фаъолияти бонкӣ, муайян намудани арзишҳои амволҳои ғайриманқул, муҳлати баррасии ин намуди парвандаҳо ва дигар мушкилиҳо ба мушоҳида мерасад.
Қайд гардид, ки бо мақсади роҳандозӣ намудани таҷрибаи ягона ва татбиқи дурусти меъёрҳои қонунгузорӣ оид ба баҳсҳои муфлисшавӣ ва барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ, баланд бардоштани масъулиятнокӣ зимни иҷрои уҳдадориҳо дар ҷараёни муфлисшавӣ, риояи муҳлатҳои бо қонун муқарраргардида, қабули санадҳои судии асосноку қонунӣ машғулияти омӯзишӣ ва машваратӣ баргузор гардид.
Таҷрибаи амалияи судӣ ва таҳлили ҷараёни барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ ва муфлисшавии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ собит намудааст, ки ин раванд пеш аз ҳама барои самаранок гузаронидани мурофиаи муфлисшавӣ, сабабҳои пайдоиши аломатҳои нодорӣ ва пардохтнопазирӣ, инчунин роҳҳои дарёфти воситаҳо барои барқарорсозии қобилияти пардохтии қарздор равона мегардад.
Ғайр аз ин, дар ҳамоиши мазкур судяҳои Суди иқтисодии вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе Давлатзода Толиб, Баротзода Зумрад ва Саидзода Зулфия доир ба масъалаҳои барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ ва муфлисшавии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ баромадҳо намуда, иштирокчиёни машғулият доир ба мавзӯи матраҳгардида мубоҳисаҳо намуданд.
Маркази матбуотии СОИ ҶТ
Напечатать страницу



