Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Барои ишғоли мансабҳои зерини холии маъмурии хизмати давалтӣ озмун эълон менамояд:
- Раёсати коргузорӣ ва назоратии Суди Олии иқтисодӣ
- Муовини Сардори раёсат – 1 ҷой маоши мансабӣ 2392 сомонӣ
- Котиби маҷлиси судӣ – 5 ҷой- маоши мансаби 804 сомонӣ
- Шуъбаи муҳосибот ва таъминоти моддию техникии судҳои Суди Олии иқтисодӣ
- Мутахассиси шуъба – 1 ҷой- маоши мансабӣ 804 сомонӣ
- Суди иқтисодии вилояти Хатлон
– Сардори шуъба – 1 ҷой – маоши мансабӣ 1609,20 сомонӣ
Талаботҳои тахассусӣ барои довталабон:
– таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда тавонад;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, донистани як забони хориҷӣ афзалият дода мешавад;
– дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
– донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ;
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии муовини Сардори раёсатро ба танзим медароранд, ҳатмист.
-донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист.
– кор карда тавонистан бо компютер, ҳадди ақал бо барномаи word ва кор карда тавонистан бо барномаи Excel афзалият дода мешавад;
– дигар талаботҳои тахассусӣ бо назардошти хусусиятҳои соҳа дар дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, ҳатмӣ мебошанд.
АЗ ДОВТАЛАБОН ҲУҶҶАТҲОИ ЗЕРИН ТАЛАБ КАРДА МЕШАВАД.
– ариза ба номи Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо 2 адад акси 4х6 (маълумоти шахсӣ ва фаъолияти меҳнатӣ дақиқ ва фаҳмо нишон дода шавад);
– шарҳи ҳол;
– нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
– маълумотномаи дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038 УЕ);
– нусхаи гувоҳиномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
– маълумот дар бораи даромад ва вазъи мол;
– нусхаи шиноснома;
– нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
– дархост оид ба доғи судӣ надоштан аз Сармаркази иттилооти ВКД ҶТ;
– маълумотнома (объективка) дар шакли хаттӣ ва электронӣ.
Ҳуҷҷатҳо аз тарафи комиссияи қабул дар нишонии шаҳри Душанбе, кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ-37 дар ошёнаи якуми бинои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 15 январи соли 2020 қабул карда мешавад. Номзадҳо метавонанд доир ба шартҳои озмун бо телефони 227-86-26 маълумоти иловагӣ гиранд.