Эълон: Озмун Барои ишғоли мансабҳои маъмурии хизмати давалтӣ

Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барои ишғоли мансабҳои зерини холии маъмурии хизмати давалтӣ озмун эълон менамояд:

  1. Раёсати коргузорӣ ва назоратии Суди Олии иқтисодӣ
  • Муовини Сардори раёсат – 1 ҷой маоши мансабӣ 2392 сомонӣ
  • Котиби маҷлиси судӣ – 5 ҷой- маоши мансаби 804 сомонӣ
  1. Шуъбаи муҳосибот ва таъминоти моддию техникии судҳои Суди Олии иқтисодӣ
  • Мутахассиси шуъба – 1 ҷой- маоши мансабӣ 804 сомонӣ
  1. Суди иқтисодии вилояти Хатлон

–  Сардори шуъба – 1 ҷой – маоши мансабӣ 1609,20 сомонӣ

 

Талаботҳои тахассусӣ барои довталабон:

– таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда тавонад;

– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, донистани як забони хориҷӣ афзалият дода мешавад;

– дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

– донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ;

– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  иҷрои уҳдадориҳои мансабии муовини Сардори раёсатро ба танзим медароранд, ҳатмист.

-донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист.

– кор карда тавонистан бо компютер, ҳадди ақал бо барномаи word ва кор карда тавонистан бо барномаи Excel афзалият дода мешавад;

– дигар талаботҳои тахассусӣ бо назардошти хусусиятҳои соҳа дар дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, ҳатмӣ мебошанд.

АЗ ДОВТАЛАБОН ҲУҶҶАТҲОИ ЗЕРИН ТАЛАБ КАРДА МЕШАВАД.

 

– ариза ба номи Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо 2 адад акси 4х6 (маълумоти шахсӣ ва фаъолияти меҳнатӣ дақиқ ва фаҳмо нишон дода шавад);

– шарҳи ҳол;

– нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

– маълумотномаи дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038 УЕ);

– нусхаи гувоҳиномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

– маълумот дар бораи даромад ва вазъи мол;

– нусхаи шиноснома;

– нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

– дархост оид ба доғи судӣ надоштан аз Сармаркази иттилооти ВКД ҶТ;

– маълумотнома (объективка) дар шакли хаттӣ ва электронӣ.

Ҳуҷҷатҳо аз тарафи комиссияи қабул дар нишонии шаҳри Душанбе, кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ-37 дар ошёнаи якуми бинои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 15 январи соли 2020 қабул карда мешавад. Номзадҳо метавонанд доир ба шартҳои озмун  бо телефони 227-86-26 маълумоти иловагӣ гиранд.

Напечатать страницу Напечатать страницу