Имрӯз, санаи 5 декабри соли 2020 дар толори мачлисгоҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен баҳри татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти вусъат додани корҳои ободиниву бунёдкорӣ ба муносибати 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ситоди кории навбатии аъзоёни гуруҳи корӣ баргузор гардид.
Дар Ситоди кории навбатӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ иштирок намуд.
Дар доираи кори ситод масоили тақвияти корҳои созандагӣ, вусъати корҳои бунёдкорӣ ва
ободонии ноҳия мавриди муҳокима гардид. Намояндаи ҳукумати ҷумҳурӣ таъкид намуданд, ки дар ноҳияи Спитамен ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 30 солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои судманд амалӣ шуда, дар ин самт иқдоми имконпазир ба роҳ монда шудааст. Раиси Суди Олии иқтисодӣ муҳтарам Қаландарзода ҷиҳати иҷрои нақшаи 30 солагӣ аз роҳбарони гуруҳҳои корӣ пурсон шуда раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, роҳбарони гуруҳҳои кориро вазифадор намуд, ки корҳои созандагиро ҷоннок намуда, барои дар сатҳи арзанда таҷлил намудани рӯйдоди муҳими таърихӣ- 30 солагии истиқлолияти давлатӣ масъулият эҳсос намоянд.
Дар ин самт аз ҷониби Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ маслиҳатҳои муфид ироа гардид.
Маркази матбуоти СОИ ҶТ
Напечатать страницу