Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби дастаҷамъонаи кормандони дастгоҳи Суди олии иқтисодӣ шанбегӣ гузаронида шуда, гирду атроф ва боғи назди бинои Судро аз баргу хазонҳо тоза намуданд.
Ҳамчунин бо мақсади нашъу намои хуб гирду атрофи гулҳои боғи назди бино аз алафҳои бегона тоза карда шуда зери онҳо нарм карда шуд.

