Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои ташкил ва гузаронидани озмуни “Беҳтарин судя ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ– ташвиқотчӣ” ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25 солагии таъсисёбии судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” озмун эълон менамояд:
- Талабот ва шартҳои асосии муайян кардани ғолиби озмун инҳоянд:
-Шумораи чорабиниҳои гузаронидашудаи гуногуни ҳуқуқӣ ва ватандўстӣ дар байни аҳолӣ ва роҳҳои пешгирӣ намудани омилҳои номатлуб;
-Шуморои корҳои тарғиботию ташвиқотӣ тариқи шабакаҳои телевизион, радио, дигар воситаҳои ахбори омма, шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои расмии мақомоти давлатӣ вобаста ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-Шумораи иштирок дар мизҳои мудаввар, конфронсҳо, семинарҳо ва вохўриҳо дар мавзўъҳои дахлдори ҳуқуқӣ, аз ҷумла афзалият додан ба чорабиниҳо дар самти пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни аҳолӣ, хусусан байни ноболиғон ва ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи ҳамкории шаҳрвандон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо, бахусус дар соҳаи муқовимат ба экстремизм, терроризм, савдои одамон, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, ҷиноятҳо ба муқобили амнияти иттилоотӣ, ки хусусияти фаромиллӣ касб кардаанд;
-Шумораи мурофиаи сайёри судӣ;
-Шумораи вохўриҳо бо коллективҳои меҳнатӣ ва аҳолӣ вобаста ба баҳсҳои рўзмара, аз ҷумла оид ба масъалаҳои ҳуқуқии хусусияти гражданӣ, оилавӣ, меҳнатӣ, манзилӣ, иқтисодӣ ва иқтисодӣ-тиҷоратидошта;
-Шумораи корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба тақвият бахшидан ба ҳалли баҳсҳои тосудӣ (медиатсия), инчунин фаъол кардани аҳолӣ ҷиҳати муроҷиат кардан ба судҳои ҳакамӣ;
-Шумораи иштирок дар барномаҳои махсуси телевизионии «Мурофиа», «Ҳуқуқи Шумо»
-Шумораи вохўрию сўҳбатҳо ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо вобаста ба қарорҳои қабулнамудаи судӣ дар соҳаи соҳибкорӣ ва андозсупорӣ;
– Шумораи мақолаҳо дар маҷалаву газетаҳо;
-Шумораи мурофиаҳои сайёри судии аз ҷониби судя
гузаронидашуда;
– Шумораи мақолаҳо дар сомонаи суд ва воситаҳои ахбори омма;
– Шумораи баромад дар воситаи ахбори омма;
– Шумораи иштирок ва баромад дар чорабиниҳои илмӣ-омўзишӣ;
– Шумораи тарғибу ташфиқ бо кормандони мақомоту идораҳо ва аҳолӣ оид ба Паёми Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи давлатии дастгирии соҳибкорӣ, Қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дигарҳо.
- Шартҳои озмун аз рӯи мазмун, муҳтаво, ҳаҷм ва фикру мулоҳизаҳои ҷолиб мавриди баҳодиҳӣ қарор дода мешаванд.
Дархостҳо ҷиҳати иштирок ба озмун то санаи 15 декабри соли 2020 аз ҷониби судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳрии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.
Маълумоти иловагиро бо телефон 227-86-26 метавонед дастрас намоед.
Суроға: шаҳри Душанбе, кўчаи Ф.Ниёзӣ 37 (паҳлӯи Вазорати мудофиаи ҶТ), телефон 227-86-26