- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Конститутсия – сарчашмаи санадҳои меъёрии хуқуқӣ

Сохтори нави давлатдорӣ, ки дар заминаи Истиқлолияти давлатӣ ба миён омад, ҳанӯз дар солҳои 1992 ҷомеаи моро дар пешорӯи тағйирот ва гардишҳои куллӣ қарор дод. Дар ин росто, пеш аз ҳама, зарурати эҷод ва қабули асноди танзимкунандаи муносибатҳои ҷомеа, бахусус Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар меҳвари асосӣ қарор дода шуд, ки аз самараи давлати тозабунёд шаҳодат медод.

Маҳз ба ин хотир, дар суханронии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Конститутсияи кишвар чунин иброз доштанд: “Таҷрибаи қабули конститусия дар давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистони мо, бармало нишон медиҳад, ки он ҳамчун ҳуҷҷати бисёр муҳими сиёсӣ ва санади олии ҳуқуқӣ бо истиқлоли давлатӣ робитаи ногусастанӣ дорад”. Яъне ин нуқтаҳои Сарвари давлат таҷассумгари он мебошад, ки маҳз самараи истиқлолияти комили сиёсӣ аст, ки таҷрибаи ҷаҳониро омӯхта, санади асосии худ – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври раъйпурсии умумихалқӣ объективона қабул намудем.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади асосии давлат маҳсуб ёфта, қувваи олии юридикӣ дорад ва асосҳои сохти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоии давлатро муқаррар мекунад. Ҳамчунин, конститутсия принсипҳои ташкилёбии фаъолияти мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, ҳуқуқу вазифаҳои шаҳрвандон, системаи интихобиро ба тариқи қонун мустаҳкам намуда, барои қонунгузории ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқӣ мебошад.

Имрӯз ба мо маълум гашт, ки бо гузати 26 сол аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаҳо нишон дод, ки маҳз ҳамин санади олӣ асосҳои ҳуқуқии рушди муносибатҳои ҷамъиятиро фароҳам оварда, дахлнопазирӣ ва муттаҳиддии кишвар, манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷиро муайян сохт. Қобили зикр аст, ки ҷой додани принсипҳои демократӣ, арзишҳои умумибашарӣ, аз ҷумла арзиши олӣ эътироф намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф гардидани халқ, гуногунандешӣ, таҷзияи ҳокимият ба шохаҳо, эътирофи гуногуншаклии моликият ва дигар меъёрҳои ҷавобгӯ ба низоми ҳуқуқии ҷаҳони муосир дар Конститутсия таҷассум гардидааст, ки он аз тарафи олимони соҳа  ба сифоти яке аз конститутсияҳои демократиасос шинохта шудааст. Зимнан, ин санади олӣ дар қатори панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шудааст, ки боиси таҳсин ва хушнудии ҳар як шаҳрванди сарзамини кишварамон мебошад.

Бояд хотирнишон кард, ки Конститутсияи кишварамон ҷавобгӯи манфиатҳои халқи тоҷик мебошад ва тоҷиконро дар арсаи сайёра муаррифӣ месозад. Яке аз арзишҳои калидии Конститутсия дар он маҳсуб меёбад, ки он тавонист барои ҳокимияти судӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, муносибатҳои гуногунро ба танзим дарорад. Махсусан дар моддаи 9 –и Конститутсия чунин омадааст: “Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад”. Мубрамияти моддаи мазкур дар он мебошад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амсоли дигар давлатҳои мутамаддин се шохаи ҳокимият амал мекунад. Мусаллам аст, ки фаъолияти мо дар асоси таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба ҳокимияти судӣ рабт дорад. Фаъолияти ҳокимияти судӣ дар моддаи 84-и Конститутсия кишвар омадааст: “Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Адолати судиро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амалӣ мекунанд”. Мувофиқи талаботи ҳамин моддаи Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили суди фавқулодда манъ аст.

Ҳамин тариқ, бояд ёдовар шуд, ки Конститутсия сарчашмаи ҳама муносибатҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ буда, риояи он аз тарафи ҳамаи шаҳрвандони кишвар ҳатми мебошад.

 

Мансур Қаландарзода,судяи Суди Олии иқтисодии ҶТ