- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ КИШВАР – Қурбонова М, котиби маҷлиси судии СОИ ҶТ

Халқ муассиси давлат мебошад. Асосоҳои фаъолияти давлатро бошад, Конститутсия муйян мекунад, ки дар он нақши фаъолро асосҳои иқтисодӣ ва ниҳодҳои таъминкунандаи бехатарии иқтисодӣ, иҷитмоӣ ва сиёсии кишвар ташкил медиҳанд. Бояд гуфт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми бобҳои он дар ягонагӣ низоми иқтисодӣ ва бунёдии самтҳои инкишофи кишварро муаяйн менамояд.

Халқи тоҷик бори нахуст 6 ноябри соли 1994 тариқи райпурсии умумихалқӣ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд, ки он поягузори истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, таъминкунандаи асосҳои низоми сиёсиву ҳуқуқии кишвар ва муайянкунандаи самтҳои асосии таҳкиму пешрафти ҷомеа мебошад.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳои сиёсӣ, вазифаҳо ва тартиби фаъолияти ниҳодҳои бевосита пешбрандаи сиёсати иқтисодии кишвар (Маҷлиси Олӣ, Президент, Ҳукумат, ҳокимияти маҳаллӣ суд ва прокуратура) дарҷ гардидаанд.

Дар ин санади олӣ ҳуқуқ ва озодии инсон ба се гуруҳ тақсим шудааст: ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва шахсӣ. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи озодиҳои иқтисодиро ба тариқи зайл муайян кардааст:

– озодии мусофират ва интихоби маҳалли зист (моддаи 24);

– озодии интихоби касбу кор (моддаи 35);

– ҳуқуқ ба моликият (моддаи 32).

Бояд гуфт, ки ин ҳуқуқу озодиҳо дар асл кафолати воқеии ҳуқуқҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва шахсии шаҳрванд аст, ки дар амал ғояи либерализмро ифода мекунад. Дар роҳандозӣ намудани сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ гуногуншаклии низоми хизматрасонӣ пешбинӣ гардиааст, ки давлат бо ҳамин восита рақобатро дар доираҳои гуногуни ҳаёти иқтисодӣ-иҷтимоии ҷомеа ҳавасманд месозад. Ҳамин гуна сиёсат дар таъмини ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ (моддаи 38) ва ҳуқуқ ба таҳсил (моддаи 41) дар доираи сарчашмаи ягонаи стандартҳои давлатӣ, роҳандозӣ карда мешаванд. Яъне, маҳдуд намудани ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар иҷрои хизматрасониҳои иҷтимоӣ амалӣ ғайриконститусионӣ арзёбӣ мегардад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки таъмини ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шахс аз сатҳи инкишофи иқтисодӣ-иҷтимоии ҷомеа ва захираву имкониятҳои иқтисодии давлат дар заминаи таъмини озодии соҳибкорӣ (моддаи12) ва такмили низоми андозсупорӣ (моддаи 45) вобаста аст.

Аз нуқтаи назари он ки «ҳама дар назди қонун баробаранд» (моддаи 17), субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ низ дар назди қонун баробар мебошанд. Аз ин хотир давлат шароити якхела ва мусоидро барои рушди соҳибкорӣ таъмин менамояд. Табиати объективонаи принсипҳои конститутсионӣ, аз қабили ҳаракати озоди мол, хизмат ва воситаҳои моливӣ ба озодии фаъолияти иқтисодӣ, фазои ягонаи иқтисодӣ барои роҳандозӣ шудани иқтисоди бозорӣ заминаи конститусионӣ гузоштаанд. Махсусан ҳуқуқи конститутсионӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ (моддаи 12) мазмуни табиӣ дошта, дар табиати озодии конститутсионии фаъолиятҳои иқтисодӣ ифода меёбад.

Ҳамин тавр, принсипҳои конститутсионие, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуданд, аз нақши муҳими давлат дар иқтисод тавассути роҳандозӣ намудани қонунгузории гражданӣ, маъмурӣ ва соҳибкорӣ шаҳодат медиҳанд. Маҷмӯи принсипҳо, меъёрҳо, мафҳумҳои конститутсионии ба ҳам пайваста конститутсияи иқтисодиро ташкил медиҳанд, ки барои созмон ёфтани иқтисоди бозорӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда, асосҳои сохти конститутсиониро дар бораи озодии фаъолиятҳои иқтисодӣ, фазои ягонаи иқтисодӣ гуногуншаклӣ ва баробарҳуқуқии шаклҳои гуногуни моликият, афзалияти меъёрҳо ва принсипҳои умумибашарӣ муайян мекунанд. Ҳамаи ин, дар маҷмӯъ, нақши Конститутсияро дар рушди иқтисоди кишвар нишон медиҳад.

Бояд зикр намуд, ки пас аз қабули Конститутсия давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ислоҳоти иқтисодӣ шурӯъ гардид. Аз ин рӯ, аввалин барномаи ислоҳоти иқтисодиии кишвар ба созмон додани гуногуншаклии моликият дар асоси ғайридавлатикунонӣ ва хусусигардонии моликияти давлатӣ равона карда шуд. Ҳамин тариқ, ислоҳоти иқтисодии кишвар марҳила ба марҳила ба роҳ монда шуд.

Қурбонова М, котиби маҷлиси судии СОИ ҶТ