Бигзор, Конститутсияи давлати демократии мо ҳамеша қутбнамо ва ифодагари манфиатҳои волои халқи дорои таърихи бою рангинамон, манбаи асосии ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ, пешбарандаи ғояву арзишҳои миллии мардуми шарифи Тоҷикистон ва амаликунандаи умеду ормонҳои чандинасраи ниёгонамон бошад».
(«Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)
Дар Конститутсия мавқеи асосиро ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ишғол менамояд. Бо ворид намудани тағйиру иловаҳое, ки солҳои 1999, 2003 ва 2016 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба конститутсия амали шуд, ин ҷиҳати масъала такмилу пурратар гашт ва мувофиқи ин тағйиротҳо, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў арзиши олӣ эътироф гардиданд. Дар ин ҳуҷҷати тақдирсози миллат беҳуда муқаррар нагардидааст, ки дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад.
Ҳамин аст, ки дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи шаҳрвандони кишвар дар назди қонун ва суд баробар буда, ҳақ доранд дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ иштирок намоянд. Шаҳрвандон ба хизмати давлатӣ ҳуқуқи баробар доранд. Шаҳрванд аз синни 18-солагӣ ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок кардан, интихоб намудан, инчунин аз синни муқаррарнамудаи Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо ҳуқуқи интихоб шуданро дорад. Масалан, дар моддаи 35-и он ҳуқуқи шахс ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ, музди кор, манъи ҳама гуна маҳдудиятҳо дар муносибатҳои меҳнатӣ, ҷалб нашудан ба меҳнати маҷбурӣ зикр шудаанд, махсус тазаккур дода шудааст, ки «дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнатиашон зарарнок истифодаи меҳнати занон ва ноболиғон манъ аст».
Боз бояд таъкид намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади олии ҳуқуқӣ ба ҳисоб рафта, дигар қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ба он мутобиқат доранд ва дар маҷмўъ, ба ҳимояи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд, давлату ҷомеаи ҳуқуқбунёди Тоҷикистон равона карда шудаанд. Дар ин раванд қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, низ бобати амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар бунёди ҷомеаи адолатпарвар мусоидат мекунанд.
Инак, аз рўзи қабули Конститутсия 26 сол сипарӣ мегардад. Тайи ин солҳо рукнҳои асосии давлату давлатдорӣ таҳкиму такмил ёфта, барои мустаҳкам гардидани Истиқлолияти воқеии кишвар ва рушди иқтисодию иҷтимоии он шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Конститутсияи нави Тоҷикистон муносибатҳои давлатдорӣ ва низоми ҳуқуқии моро ба куллӣ дигаргун сохта, арзишҳои умумибашариро ба ҳаёти сиёсиамон ворид намуд. Ҳамин аст, ки имрўз Тоҷикистон ба ҳайси узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳаллу фасли бисёр масъалаҳои глобалӣ нақши фаъол дорад. Бо саъю талоши Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таклифу пешниҳодҳои давлати Тоҷикистон қариб дар ҳамаи масъалаҳои байналмилалӣ қабул гардида, мақоми созанда ва нақши шоистаи он дар ҷаҳони муосир мунтазам меафзояд. Маҳз хамин арзишҳои бузурги Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки халқи тоҷик баъди ҳазор сол давлати мустақилу соҳибихтиёр барпо намуда, ба субъекти мустақил, фаъол ва соҳибэҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфт. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ давлати ҷавони мо ба мушкилиҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ нигоҳ накарда, дар рушди босуръати сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба пешравиҳои назаррас ноил гашта, дар ташкили ҷомеаи шаҳрвандӣ қадамҳои устувор ва боварибахш гузошт.
Бахтиёр Атоӣ,
Сармутахассиси Раёсати СОИ ҶТ