Бори нахуст дар таърихи давлатдории тоҷикон Конститутсия тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ки мувофиқи он мардум худро ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, дар назди наслҳои гузашта ва ҳозираю оянда масъул ва вазифадор дониста, пуштибони соҳибихтиёрии давлати худ, эҳтиромдори ҳуқуқу озодиҳои афрод, таҳкимбахши дӯстии тамоми халқияту миллатҳо ва бунёдгари ҷомеаи адолатпарвар эълом доштанд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст. Маҳз дар лаҳзаҳои душвори сиёсӣ, ки дар мамлакат ҳанӯз оташи чанги шаҳрвандӣ хомуш нагардидаву, истикрори сулх ба даст наомадааст қабул намудани Конститутсия осон набуд, зеро аз як тараф вазъи ногувори мамлакат имкон намедод то амнияти овоздиҳандагон таъмин бошад ва аз тарафи дигар мардум аз падидаи нави конститутсионӣ-раъйпурсӣ огаҳӣ надоштанд. Мардуми тоҷик хеле хуб дарк мекарданд, ки халосӣ ёфтан аз вартаи ҷанг танҳо бо роҳи қонунӣ имконпазир буд ва ба ин асос ба тарафдории Конститутсия овоз дода амалан роҳи тараққиёти давлатдории худро муайян намуданд. Конститутсия соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиклолии Тоҷикистонро ба таври қонунӣ мустаҳкам намуда, онро демокративу ҳуқуқбунёд, дунявию ягона ва иҷтимоӣ эълон намуд. Қабули Конститутсия даст кашидан аз шакли давлатдории шӯравӣ ва таҷассуми ҳокимияти сифатан нав- давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро дар арсаи ҷаҳонӣ қонунан эълон дошт, ки дар он қонуниятҳои инкишофи давлатдории тоҷикон дар назди наслҳои ҳозира ва оянда муқаррар карда шудааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои дебоча,10 боб ва 100 модда мебошад, ки меъёрҳои он баробарии ҳамаро дар назди қонун эълон намуда, кафолати ҳуқуқу озодиҳоро ба ҳар кас қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ ва мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва моликият ба дӯши давлат вогузор намудааст ва ин дар маҷмӯъ барои бунёди ҷомеаи воқеан демократӣ, ки дар он халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад, шароити мусоид фароҳам меорад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни асосии давлат, унсури марказии низоми ҳуқуқии кишвар, заминаи эҷод ва такмили минбаъдаи қонунгузорӣ, ҳуҷҷати созиши иҷтимоӣ, муайянсозандаи дурнамои пешрафти ҷомеа ва давлат мебошад. Бо дарназардошти талаботи рӯзафзуни ҳаёт ва бо мақсади тезонидани ҷараёни демократикунонии ҷомеа, инчунин бо тақозои меъёрҳои ҳуқуқи пешрафтаи ҷаҳон ба Конститутсия се маротиба- солҳои 1999, 2003 ва 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз меъёрҳое иборат аст, ки давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ будани Точикистонро муқаррар менамоянд. Онҳо ҳокимиятдории халк, сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ будани он ва аз номи ӯ ба амал баровардани ҳокимияти давлатиро муайян мекунанд. Конститутсия хамчун қонуни асосии давлат дар низоми қонунгузорӣ ва соҳаҳои ҳуқуқ нақши калидӣ дорад, зеро Конститутсия санади олии ҳуқуқӣ буда, меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Он ба сифати қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор дода, асосҳои ҳуқуқии рушду такомули минбаъдаи чунин муносибатҳоро фароҳам меорад. Тамоми қонунҳо бояд дар асоси он ва мувофиқ ба меърҳои Конститутсия қабул карда шаванд. Мавқеи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он муайян мегардад, ки меъёрҳои он асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ муқаррар намуда, муносибатҳои дар рафти ба амалбарории ҳокимияти давлатии ба халк тааллукдошта ба вуҷуд ояндаро ба танзим меандозанд. Махсусияти мавқеаш дар он зоҳир мегардад, ки меъёрҳои он заминаи ба вуҷуд омадани соҳаҳои нави ҳуқуқӣ гардидааст.
Дар Тоҷикистон то ин замон ҳамагӣ панҷ маротиба солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994 Конститутсия қабул шудаанд, ки чортои он дар заминаи Конститутсияи шӯравӣ ва мафкураи хамондаврина тартибу таҳия ва қабул гардидаанд. Конститутсияи соҳибистиқлоли мо дар заминаи ягон қонун ва ё мафкура қабул карда нашудааст ва дар он факат иродаи халқи Тоҷикистон дарҷ гардидааст. Хусусиятҳои фарқкунандаи Конститутсияи давлати соҳибистиқлол аз Конститутсияҳои пешин дар он аст, ки мувофиқи он дар мамлакат шаклҳои гуногуни моликият, гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ ва таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ пешбинӣ ва мустаҳкам гардидааст. Конститутсияҳои дар даврони шӯравӣ қабул гардида бошад ба низоми яккаҳизбӣ, яккасардорӣ ва инкори моликияти хусусӣ нигаронида шуда буд.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аҳамияти хело ҳам ҷиддӣ дода шудааст, зеро 34 модда аз се як қисми меъёрҳои Конститутсия фарогирӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Инсон ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд, ҳар кас ҳуқуқ ба таҳсил, истироҳат ва ҳифзи саломатӣ дорад, манзили шахс дахлнопазир аст, ба ҳар кас озодии сухан ва матбуот кафолат дода мешавад, шаҳрванд ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шуданро дорад, давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳифз мекунад, модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор доранд аз ҷумлаи меъёрҳои конститутсионие мебошанд, ки ба ҳуқуқу озодиҳои шахс бахшида шудаанд. Мувофиқи Конститутсия Тоҷикистон худро давлати иҷтимоӣ эълон намуда, шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро кафолат дод, ки он барои таъмини доираи васеи ҳуқуқҳои шахсӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии шаҳрвандони Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди сокини кишвар, аз ҷумла таъминоти моддиву иҷтимоии нафақахӯрон, ятимон, маъюбон, гирифтани пеши роҳи нобаробарии иқтисодии байни гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ, таъмини инкишофи озодонаи ҳар шахс хизмат мекунад.
Пешравии ҳар як давлат аз иқтисодиёти он вобаста мебошад, ки дар натиҷаи шароитҳои ҳуқуқӣ фароҳам овардан рушд мекунад. Асоси иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил дода, давлат баробарии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад. Ифодаи меъёри мазкур дар Конститутсия барои вусъат додани иқтисодиёти давлат ва ба шаҳрвандон фароҳат овардани шароит барои вусъати фаъолияти соҳибкории худ бахшида шудааст.
Таърих моро ба сӯи комёбиҳо, дастовардҳо ва сӯи илм мебарад ва ҳар як давру замон барои худ меросе дорад ва он меросро ояндагонаш истифода мебаранду онро такмил медиҳанд. Конститутсия низ як мероси таърихист барои имрузу ояндаи инсоният. Замоне қонуннома, баъдан эъломия ва боз баъдан Конститутсия ва шояд оянда боз ҳуҷҷати дигар ва муҳим имруз Конститутсия.
Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсози мардуми куҳанбунёду соҳибтамаддуни мо оини давлату давлатдории тоҷиконро, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон идома ва сайқал ёфтааст, ҳамчунин кӯшишу талошҳои фарзандони хирадманду фарзонаи ин халқро дар роҳи расидан ба соҳибистиқлолӣ ва давлатдории миллӣ ҷомаи амал пӯшонид. Ғояҳои башардӯстонаи он инъикоскунандаи суннатҳои пурғановати халқи тоҷик буда, аз барҷастатарин намунаҳои фарҳангии ниёгони ориёии мо, арзишҳои давлатдории Сосониёну Сомониён ва мероси бузургони таъриху адабиёти аз ҷониби умум эътирофгардидаи мо сарчашма мегиранд.
Фаррухзода Комрон Фаррух – котиби маҷлиси судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Напечатать страницу