Қобили қайд мебошад, ки табиати Тоҷикистони азизамон аз нигоҳи таъминот бо захираҳои обӣ дар мушкилот қарор надорад.
Дар ҷумҳурии мо тамоми намуди захираҳои обӣ: оғоз аз обҳои истифодаи техникӣ то обҳои мусаффо ва обҳои маъданӣ арзи вуҷуд дорад, ки аҳоли кишвар аз ин неъмати илоҳӣ дар танқиси намебошад ва онро самаранок истифода ва истеъмол менамоянд.
Мувофиқи маълумотҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати таъминоти аҳолӣ бо оби нушокӣ, захираҳои дигари гидротехникӣ ва «энергияи сабз» дар ҷаҳон дар ҷои шашум қарор дошта, сарфи назар аз ин дар ғами халқҳои дигари сайёра мебошад.
Тибқи маълумот дар ҷаҳон тақрибан 750 миллион нафар ба оби то-заи нушоки ва 2,5 миллиард нафар ба шароити беҳдоштӣ дастраси на-доранд, 1,3 миллиард нафар бо неруи барқ таъмин нестанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки шумораи аҳоли дар сайёра пайваста зиёд шу-да, талабот ба истеъмоли об ва неруи барқ низ афзуда истодааст.
Маҳз ҳамин вазъият Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллатамонро водор намудааст, ки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ташаббуси нави башардустона муроҷиат пешоваранд.
Президенти кишвар зимни суханронӣ дар форуми об таъкид намуд, ки: «…таҳдидҳои ҷаҳонии муосир, бо шумули бӯҳрони молию иқтисодӣ, афзоиши аҳолӣ, тағйири иқлим, афзоиши басомади ҳодисаҳои ниҳоии обу ҳаво, норасоии об ва дар натиҷа боло рафтани сатҳи камбизоатӣ, афзоиши бемориҳои сирояткунанда, фавти модару кӯдак ҳанӯз сафарбар намудани талошҳои мо ва қабули чораҳои дахлдорро дар ин соҳа талаб мекунанд.
Бо назардошти ин аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллатамон пешниҳод шудааст, ки Даҳсолаи дуюми байнал-милалӣ бо шиори «Об барои рушди устувор» эълон карда шавад». Пешниҳоди мазкур аз ҷониби Созмони миллали мутаҳид дастгири ёфта, солхои 2018-2028 «Об барои рушди устувор» эълон карда шудааст.
Агар чанде дар сарзамини мо вобаста ба дастраси ба манбаҳои об ягон намуд душвори мушоҳида намегарданд, ташаббусҳои Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намунаи олии заковатмандӣ ва башардустӣ буда, аз ин ҷиҳат аз ҷониби Созмони миллали мутаҳид ва кишварҳои ҷаҳон дастгири меёбанд, зеро ҳалли проблемаи глобалии об дар доираи як кишвар ҳал гардиданаш гайриимкон мебошад.
Дар иртибот бо ин гуфтаҳо, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар кори танзими истифодаи самараноки захираҳои об намунаи ибрат ба дигарон аст.
Сараввал бояд қайд намуд, захираҳои обӣ, вазъи ҳуқуқии об ҳамчун объекти табиат, кафолати ҳифз ва истифодаи самараноки он дар сатҳи қонунгузорӣ, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси оби ҶумҳурииТоҷикистон мустакам шудаанд.
Мутобиқи меъёри Конститутсиони об моликияти истисноии давлат мебошад ва давлат истифодаи самаранок ва ҳифзи онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.
Ҳамагуна амали шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки рӯирост ё пинҳонӣ ҳу-қуқи моликияти давлатиро ба об вайрон мекунанд ва он мухолифи ман-фиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, манъ буда, мувофиқи қонун-гузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгарӣ мегардад.
Дар меъёри Конститутсияи кишвар мустаҳкам гардидани чунин му-қаррарот собит менамояд, ки аз тарафи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои ҳифз ва истифодаи самараноки фонди давла-тии оби Тоҷикистон диққати махсус зоҳир карда мешавад.
Фонди давлатии оби Ҷумҳурии Тоҷикистондар маҷмӯъ ҳамаи объектҳои об ва захираҳои оби дар онҳо ҷамъшуда, заминҳои ишғол-кардаи онҳо минтақаҳо ва қитъаҳои ҳифзи обро дар бар мегирад.
Ба объектҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дарёҳо, кӯлҳо, пиряхҳо, барфтӯдаҳо ва дигар сарчашмаҳои рӯизаминӣ, инчунин минтақаҳои ҷамъшавии обҳои зеризаминӣ, аз ҷумла обҳои табобатию маъданӣ ва обҳои гарми зеризаминии дар ҳудуди он қарордошта мансуб мебошанд.
Мувофиқи қонунгузории соҳаи обӣ, идоракунии давлатӣ дар соҳаи истифода ва ҳифзи об дар пайвастагӣ бо усулҳои ҳавзавӣ, марзӣ ва маъ-мурию ҳудудии идоракунӣ асос ёфта, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин мақомоти ваколатдори махсуси давлатӣ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об мувофиқи қонунгузорӣ амалӣ карда мешавад.
Танзими давлатии истифода ва ҳифзи об нисбати субъекти муносибатҳои обистифодабарӣ равона буда, ҳама гуна шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли моликият, ки фаъолияти худро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода, талаботи қонунгузории оби Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро мекунанд, истифодабарандагони об ё ҳамчун субъектони муносибатҳои обистифодабарӣ шинохта мешаванд.
Мувофиқи қонунгузории амалкунанда ҳамагуна объектҳои обе, ки дар боло қайд гардид ба субъектони муносибатҳои истифодаи об бе ягон мамониат пешниҳод карда мешаванд.
Танҳо нисбати баъзе аз объектҳои захираи давлатии об, яъне истифодаи объектҳои обе, ки дорои аҳамияти махсуси давлатӣ ё арзиши махсуси илмию фарҳангӣ мебошанд, мумкин аст қисман ё пурра бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шаванд.
Дар доираи танзими давлатӣ –ҳуқуқии истифодаи захираҳои обӣ ва бо мақсади дақиқ муайян сохтани доираи ҳуқуқу уҳдадориҳо истифодаи захираҳои обӣ ба дунамуд: истифодаи умумӣ ва махсуси обҷудо карда шудаанд.
Истифодаи умумии об бидуни ба кор бурдани иншоот ё дастгоҳҳои техникие, ки ба ҳолати обҳо таъсир мерасонанд, анҷом дода шуда, аз истифодаи махсуси об, ки бо истифодаи чунин иншоот ё дастгоҳҳои техникӣ амалӣ гардонида мешавад, фарқ мекунад.
Дар мавридҳои алоҳида ба истифодаи махсуси об имкон дорад истифодаи объектҳои об бидуни ба кор бурдани иншоот ё дастгоҳҳои техникӣ, ки ба вазъи об таъсир мерасонанд, мансуб дониста шавад.
Шартҳои истифодаи баъдинаи об, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои тарафайн бояд дар шартномаи байни истифодабарандагони аввала ва баъдинаи об зикр гардида, ба расмият дароварда шаванд.
Ҳангоми муайянсозии намудҳои об истифодабарӣ таснифи намуди истифодаи захираҳои об, ки аз рӯи таъиноти асосии мақсаднок фарқ мекунанд, зарур мебошад.
Истифодаи умумии об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бепул, яъне рой-гон мебошад. Истифодаи махсуси об бошад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пулакӣ сурат мегирад.
Вобаста ба ӯҳдадориҳои истифодабарии об сухан намуда, қайд мена-моям, ки истифодаи оқилонаи объектҳои об, зоҳир намудани ғамхорӣ оид ба масрафи сарфакоронаи об, барқарору беҳтар кардани сифати обҳо, чорӣ кардани технологияи нигоҳдории захираи об, ки ба баланд бардоштани дараҷаи самаранокии истифодаи об, беҳтар шудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва муҳити зист мусоидат мекунад; андешидани тадбирҳои имконпазир ҷиҳати қатъи пурраи партофтани обҳои партов ба объектҳои об ва обҳои ҷорӣ, ки дар таркибашон маводи ифлоскунанда доранд; дар ҳолати дуруст нигоҳ доштани иншоотҳои обёрӣ, заҳбурҳо, обтозакунӣ, дигар объектҳо ва воситаҳои техникӣ, ки ба ҳолати обҳо таъсир мерасонанд, беҳтар гардонидани сифати истифодаи онҳо; амалӣ гардонидани тадбирҳои ҳифзи моҳӣ ва дигар набототу ҳайвоноти обӣ; дар ҳолати зарурӣ нигоҳ доштани минтақаҳои ҳифзи об бо риояи низоми истифодаи ҳудуд, ӯҳдадории ҳар як истифодабарандаи об ва вазифаи муқаддаси ҳар яки мо мебошад.
Зоҳир намудани ғамхорӣ нисбати захираҳои оби кишварамон бо танзими давлатӣ –ҳуқуқӣ дар иртибот буда, аз мавқеи солими ҳар як инсон гувоҳӣ медиҳад.
Сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Мунтасирзода Ҷ.
Напечатать страницу