26- солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – санади муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ ба давраи басо душвори таърихи навини тоҷикон, рост омад.

Халқи тоҷик бори нахуст 6 ноябри соли 1994 тариқи райпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд, ки он поягузори истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, таъминкунандаи асосҳои низоми сиёсиву ҳуқуқии кишвар ва муайянкунандаи самтҳои асосии таҳкиму пешрафти ҷомеа мебошад.

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз вазифаҳои муҳим ва дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон мебошад, ки дар он соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ ва шакли давлатдории Тоҷикистон, ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, асосҳои иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон эълон шудаанд.

Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҷашнгирии  Рузи қабули Конститутсия иброз намуданд, ки «Конститутсия, ки дар асл шоҳсутун ва шиносномаи давлат, санади тақдирсоз ва таъминкунандаи сарнавишти миллати мо мебошад, барои ноил шуданамон ба ҳадафҳои бунёдкорию созандагии дар назди мо қарордошта, ки мақсади ниҳоии онҳо эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ мебошад, мусоидат мекунад».

Қайд кардан ба маврид аст, ки ин санади тақдирсоз, азму ирода ва мақсаду мароми халқи Тоҷикистонро таҷассум намудааст. Дар он халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот ҳамчун ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ эътироф шудааст.

Дар Конститутсия арзишҳои олӣ будани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, гуногунандешии сиёсиву мафкуравӣ, бисёрҳизбӣ, озодии эътиқод, сухан, матбуот низ таҷассум ёфтаанд.

Конститутсия давлати моро ба сифати давлати иҷтимоӣ муайян намуда, онро барои фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи ҳар фард масъул сохтааст.

Дар шароити ҳозира мақсади асосии ҷомеаи навини тоҷикон эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ, таъмини волоияти қонун ва амнияти ҷомеа, таҳкими дастовардҳои истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои умумимиллӣ ва ташакулли ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.

Дар ин замина Коститутсия ҳокимияти судиро ҳамчун рукни мустақили давлат эътироф намудааст, ки он бояд баҳри таҳқими қонуният ва таъмини адолати иҷтимоӣ, сохтмони ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд нақши устувор дошта бошад.

Бо қабули Конститутсия нахустин бор дар низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон  судҳои иқтисодӣ таъсис ёфтанд. Ин қадами ҷиддӣ ва асосноки давлат оид ба ташкили мақомоти алоҳидаи мустақили ҳокимияти судӣ буд. Чунин иқдом тибқи шароитҳои нави иқтисодӣ муайян гардид, ки онҳо ба сифати танзимгари асосии муносибатҳои иқтисодӣ қонун ва шартномаро муқаррар карда, дар асоси меъёрҳои мурофиавӣ баҳси соҳибкорон, инчунин баҳси соҳибкоронро бо мақомоти давлатӣ ва умуман дигар баҳсҳои иқтисодиро ҳал мекарданд.

Зимнан ба тарафҳои баҳскунанда имкониятҳои баробари ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои вайроншуда ё мавриди баҳс қароргирифта таъмин карда шуд, ки вазъи ҳуқуқии онҳо дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода ёфт.

Судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи начандон тулонӣ доранд, лекин муносибатҳои молӣ, пулӣ, тиҷоратӣ аз замони пайдоиши моликияти хусусӣ падид омадаву, чун шакли мураккабтарини робитаҳои байни аҳли ҷомеа, боқӣ хоҳад монд. Яъне, муътадил ё ноҷур мондани оромӣ, суббот, фараҳмандии рузгор дар ҳама давр ба сатҳи риояи меъёрҳои адолат, баррасию хулосабарорӣ дар атрофи баҳсҳои миёни шаҳрвандон, соҳибкорони алоҳида, корхонаву муассисаҳо ва давлат марбут мебошад.

Баҳсҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, ки бештар мавзуъҳои тақсими замин, молу амволи тиҷоратӣ ва соҳибкориро дар бар мегирифт, то як андоза аз тарафи ҳокимону мубадон, қозиҳо дар заминаи дастурҳо, фатво, ҳадисҳо, фароизу суннатҳои диннӣ ҳаллу фасл ва дар мизони адлу инсоф қиёс мешуданд.

Имруз дар замони муосир дар заминаи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешбурди фаъолияти судҳои иқтисодӣ якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз қабили Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра қабул гардиданд, ки мавриди амал қарор доранд.

Мақсади асосии судҳои иқтисодӣ ин устуворгардонии қонуният ва адолат дар соҳаи соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаккули эҳтиром нисбат ба қонун ва таъмини фаъолияти давлати ҳуқуқбунёд мебошад.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, мардуми Тоҷикистонро бо 26-юм солгарди рузи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, ба Шумо барору комёбиҳои навро дар фаъолияти рузмараатон хоҳонам.

Сармутахассиси шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва мураттабсозии сандҳои меъёрии ҳуқуқӣ Вализода Фаррух

Напечатать страницу Напечатать страницу