
Имрӯз, дар толори маҷлисгоҳи Cуди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Суди Олии иқтисодӣ Қаландарзода М.С., муовини якуми раис, муовинони раис, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ, раисон, муовинони раис, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе, инчунин иҷрочиёни Суди Олии иқтисодӣ бахшида ба таҷлили 26 солагии Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи “Дастовардҳои Истиқлолияи давлатӣ ва ҳифзи арзишҳои он” мизи мудаввар доир гардид.
Мизи мудавварро Раиси Суди Олии иқтисодӣ муҳтарам Қаландарзода М.С. оғоз намуда пеш аз ҳама ҳузури ҳар як иштирокчии ин чорабиниро хайрамақдам гуфта, иброз доштанд, ки бо ифтихору шукргузорҳ аз соҳибдавлатии миллати кӯҳанбунёд ва соҳибистиқлолияти кишвари азизамон, мо имрӯзҳо ба бузургдошти таъриху фарҳанги оламшумули худ, баҳри инкишоф ва рушду нумӯи ҷомеаи шаҳрвандӣ имконият пайдо намудем ва бори дигар дар остонаи таҷлили иди бузург 26 солагии Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ватани азизамон қарор дорем.
Ин рӯз барои миллату давлат санаи таърихӣ буда, озодии миллати тоҷик маҳз аз ҳамин сана сарчашма мегирад. Давлати ҷавони мо дар ин давра ба дастовардҳои назаррас ноил шуда, имрӯз мардуми сарбаланди тоҷикистон дар фазои сулҳу субот умр ба сар мебаранд.
Қобили зикр аст, ки баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар рушд ва такмили ҳокимияти судӣ Барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ, ки бе восита аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳлати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардидаанд, нақши бузург бозиданд. Ҳокимияти судӣ, аз ҷумла судҳои иқтисодӣ дар тули 26 соли Истиқлолият дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, ба стандартҳои байналмилалӣ ва амалияи давлатҳои пешрафтаи дунё мутобиқ гардидаанд.
Раиси Суди Олии иқтисодӣ аз фурсати муносиб истифода бурда, дар арафаи ҷашни Истиқлолият тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистон, ҳозирини гиромиқадр, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ, судҳои иқтисодии ҷумҳуриро табрик гуфта, ба хонадони кулли сокинони кишвари маҳбубамон саодату хушбахтӣ ва барои Тоҷикистони азизамон оромиву ободӣ ва Истиқлолияти ҷовидониро орзу намуданд.
Ҳамчунин дар мизи мудаввар судяи Суди Олии иқтисодӣ Қаландарзода Мансур дар мавзӯи “Истиқлолияти давлатӣ ва ҳифзи арзишҳои он”, судяи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Одиназода Ҷ.Х. дар мавзӯи “Нақши Истиқлолияти давлатӣ дар таҳким ва рушди судҳои иқтисодӣ”, судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон Саидзода З. дар мавзӯи “Ҷавонон ҳамчун нерӯи ҳифзкунандаи арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ” ва муовини сардори раёсати судҳо Шерхонзода Ш.А. дар мавзӯи “Истиқлолияти давлатӣ ва рушди қонунгузории миллӣ” баромад намуда, иштирокчиёни мизи мудаввар доир ба мавзӯҳои матраҳгардида, мубоҳисаҳо намуданд.