Ноҳияи Спитамен: Боздид аз корҳои созандагӣ ва мулоқот бо сокинон

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли ҷорӣ вазифагузорӣ карда шуданд, роҳбари дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ Қаҳҳорзода Ҷамшед дар якҷоягӣ бо намояндаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен дар деҳаҳои ҷамоатҳои деҳоти Сарбанд, Т. Ӯлҷабоев, Тағояк ва шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен бо сокинони ин деҳаҳо вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Зимни мулоқот бо сокинон Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми кишвар оид ба сарфакорона истифодабарии қувваи барқ, риояи қоидаҳои беҳдошти ва пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус COVID – 19, омодагӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ, захираи дусолаи маводи ғизоӣ бо усусли нигоҳдорӣ дар анбору зарфҳо, вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ бо мақсади сазовор таҷлил намудани 30 солагии Истиулолияти давлатӣ, корҳои фаҳмондадиҳи гузаронида шуд. Ҳамчунин баҳри мақсаднок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва Президентӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалла ва хонаҳои шахсии худ ҷамъоварӣ намудани полезиҳои кишоварзӣ, доир ба содироти маҳсулоти кишоварзӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронидаанд.

Аз рӯи маълумотҳои пешниҳоднамуда дар ноҳия то ба имрӯз 103 нафар да беморхонаи марказии ноҳия  бистарӣ  гардида, ки аз онҳо  101 нафар  бо  илтиҳоби шуш, 2 нафар  бемории сироятии коронавирус  мебошад.Аз шумораи умумии  беморон 94 нафар шифо  ёфта  5 нафар ҳоло бистарӣ  мебошанд ва 4 ҳолати фавт қайд карда шудааст.

Ғайр аз  ин, Қаҳҳорзода Ҷ дар якҷоягӣ бо роҳбари дастгоҳи  Раиси  ноҳияи  Спитамен   аз рафти  корҳои  анҷомдодашуда  дар сохтмони  иншоотҳои  ҷашнӣ  ба муносибати  таҷлили 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дидан  намуданд.Қайд бояд намуд, ки то соли 2021 дар ноҳия сохтмон, таъмир ва таҷдиди 410 адад иншоотҳо аз тарафи буҷети маҳаллӣ ва ҳам бо дастгирии соҳибкорон ба нақша гирифта шуда бошад, дар давоми солҳои 2018, 2019 ва нимсолаи якуми соли 2020  292 адад, ё ин ки 71,2 %-и нақша иҷро карда шудааст.Дар соли 2020 сохтмон, таъмир ва азнавсозии 110 адад иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки дар нимсолаи якуми соли 2020   60 адад, ё ин ки 54,5 % иҷро гардидааст.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу