- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Оғози даври аввали озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давалтӣ

Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври аввали озмун барои довталабоне, ки дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ ҳуҷҷат супорида буданд, баргузор гардид.

Тибқи Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ барои муайян кардани сатҳи дониш ва омодагии касбии довталабон санҷиши пешакӣ (навиштани кори хаттӣ) гузаронида шуд, ки аз 58 нафар довталабон 53 нафарашон иштирок намуданд ва танҳо дар сурати  ба даст овардани холи (баҳои) гузариш ба сўҳбат иҷозат дода мешаванд.

Баъд аз санҷиши корҳои хатти натиҷаи даври аввал бо холҳои гирифта нашр мегардад.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ