
Имрӯз дар ноҳияи Спитамен дар доираи омодагӣ ба 30 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази фурӯши доруворӣ бо номи “Шабонарӯз” ифтитоҳ гардид. Дар маросими ифтитоҳи марказ Раиси ноҳияи Спитамен Нӯмонзода Темурҷон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарама Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ, муовини Раиси вилояти Суғд Баҳодурзода Баҳоваддин иштирок намуданд.
Маркази фурӯши дорувории “Шабонарӯз” аз тарафи соҳибкори инфиродӣ Алиназарова Малоҳат бунёд ва ба истифода дода шуда, якчанд нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Шоистаи таъкид аст, ки дар ноҳияи Спитамен ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву ободонӣ бомаром идома дорад.