Кумаки молиявӣ ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус COVID-19 ва табобати гирифторони он

Имрӯзҳо дар пайравӣ ба иқдомҳои хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус COVID-19 ва табобати гирифторони он роҳбарону кормандони як қатор мақомоти давлатӣ, аз ҷумла вазорату идораҳо, соҳибкорон ва шахсони саховатманд, саҳми худро гузошта истодаанд.

Дар пайравӣ ба ташаббусҳои мазкур судяҳои Судҳои  иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон 41 000 сомонӣ ҳамчун кумаки молиявӣ ба фонди COVID-19 ба суратҳисоби махсус, ки барои маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 кушода шудааст ирсол намуданд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу