Вохӯрии роҳбарияти СОИ ҶТ бо сокинони ноҳияи Спитамен

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби роҳбарияти Суди Олии иқтисодӣ дар якҷоягӣ бо намояндаҳои МИМҲД – и ноҳияи Спитамен дар деҳаҳои ҷамоатҳои деҳоти Сарбанд, Т. Ӯлҷабоев, Истиқлол, Тағояк, Хуррамзамин ва Куруши ноҳияи Спитамен  вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳи гузаронида шуд.

Дар вохӯрӣҳо бо сокинон вобаста ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус COVID – 19 корҳои фаҳмондадиҳи гузаронида шуд. Ҳамчунин баҳри мақсаднок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ, вусат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ бо мақсади таҷлили 30 солагии Истиулолияти давлатӣ, захираи маводи хӯрока, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалла ва хонаҳои шахсии худ пурра ба фаъолият шурӯъ намудани корхонаҳои саноатӣ, ҷамъоварӣ намудани полезиҳои кишоварзӣ, доир ба содироти маҳсулоти кишоварзӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронидаанд .

Ҳамингуна вохӯрию мулоқотҳо дар ҳама деҳаҳои ҷамоатҳо аз санаи 1 то 8 июли соли ҷорӣ баргузор мегардад.

Баъд аз анвоми сафарт хизматӣ иловатан маълумот пешниҳод карда мешавад.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу