- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Гузаронидани вохӯрӣ бо аъзоёни фаъоли ҷамоати шаҳраки Ҳисори шаҳри Ҳисор

Ҷиҳати иҷрои “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019”, ки 29 апрели соли 2009  бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №253 тасдиқ карда шудааст, санаи 22 августи соли 2017 судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалолиддин Азизӣ, сардори раёсат Асрорзода З., мутахассиси пешбар Вализода Ф. дар ҷамоати шаҳраки Ҳисори шаҳри Ҳисор бо аъзоёни фаъоли ин ҷамоат вохӯрӣ гузаронида, ба онҳо моҳияти лоиҳаҳои тағйироту иловаҳоро ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳоеро, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд, шарҳ доданд.

Ҳамчунин бо сокинони ин ҷамоат дар хусуси пешгирии гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ, риояи фарҳанги миллии либоспӯшӣ, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва масъалаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон бармеоянд, сӯҳбати озод гузаронида шуда, ба саволҳои ҳозирин ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

Маркази матбуоти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон