Ҷаласаи гурӯҳи корӣ дар ноҳияи Спитамен

Имрӯз Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари гурӯҳи кории ҳукуматӣ дар ноҳияи Спитамен ҷиҳати тачлили бошукуҳӣ 30 – солагии Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қаландарзода Мавлуда бо мақсади иҷрои барқияи ҳукуматӣ ба ноҳияи Спитамен ташриф оварда, бо аъзоёни гурӯҳҳои кории ноҳиявӣ ва Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия вохӯрӣ ва мулоқоти судманд доир намуданд.

Сараввал дар бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо Раис, муовинон, роҳбарони гурӯҳҳои кории Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, роҳбарони муасисаҳои тандурустию кишоварзӣ, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ҷаласа баргузор намуда ҷиҳати иҷрои супориши барқияи мазкур вазифагузорӣ намуданд.

Дар идомаи сафар дар Ҷамоати деҳоти Сарбанд, Куруш ва Тағояк бо аъзоёни гурӯҳи корӣ ва роҳбарони муасисаҳои тандурустию кишоварзӣ мулоқот гузаронида, доир ба вазъияти баамаломада вобаста ба паҳншавии бемории коронавирус баромад намуданд.

Инчунин таъкид гардид, ки бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ, захираи кофии маводҳои хурока дар фаслҳои тирамоҳу зимистон ва пешгирии баландравии нархҳо дар бозорҳо аҳамияти ҷидди дода, доир ба истифодаи оқилонаи заминҳои мавҷудаи корам аз ҷумла қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, хоҷагиҳои ёрирасон, киштукори баҳорӣ ва парвариши маводҳои ниёзи аввалро  ба шаҳрвандон тавсия доданд.

Пас аз ба охир расидани мулоқотҳо Қаландарзода Мавлуда аз иншоотҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ, бунгоҳҳои тнббӣ, якчанд хонаҳои истиқоматии  ҷамоатҳои номбурда дидан намуданд.

Қайд менамоем, ки мулоқот ва вохӯрии Раисис Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда дар дигар ҷамоатҳо идома дорад.

Илова бар ин иттилоъ медиҳем, ки дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен баҳри пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемории сироятии коронавирус COVID-19 дар ноҳия як қатор чора-тадбирҳо ба нақша гирифта, амалӣ шуда истодаанд.

Дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Ситоди пешгирии пайдоиш ва наҳншавии бемории мазкур дар ҳайати роҳбарони муасисаҳои тандурустӣ. маориф, фарҳанг. раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мудирони шуъбаю бахшҳо ва дигар сохторҳо таъсис дода шуд.

Дар беморхонаи маркази ноҳия шуъбаи карантинӣ ташкил шуда, то имрӯз дар он 11 нафар кормандони тиб ба карантин гирифта таҳти назорати Беморхонаи маркази ноҳия қарор дода шудаанд.

Дар ин давра аз тарафи духтури сироятшииос барои кормандони соҳаи тандурустӣ семинари омӯзишӣ гузаронида шуд. Кормандони муассисаҳои КАТС-и ноҳия ҳамарӯза дар маҳалҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ, гардишҳои хонагй гузаронида, беморони гирифтори сирояти шадиди роҳи нафасро зери назорат қарор доданд. Дар якҷоягӣ бо Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими ноҳия варақаҳо ва буклетҳо оид ба пешгирии беморӣ омода ва дар байни ахрлии ноҳия паҳн карда шуданд.

Иншоотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ба монанди гузаргоҳҳо, бозори марказӣ, муассисаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, масҷидҳо. меҳмонхонаҳо, корхонаҳо, марказҳои савдо ва нуқтаҳои хӯроки умум бо маҳлулҳои «Гипохлориди калсий» ва «Астера» безараргардонида шуданд. Дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ кори нуқтаҳои санитарии карантинӣ ба poҳ монда, кормандони Муассисаи назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологии ноҳия вобаста карда шудаанд.

Дар муассисаҳои маориф низ корхри фаҳмондадиҳӣ васеъ ба роҳ монда, аз тарафи ҳамшираҳои тиббии муассисаҳо, духтурони оилавии ҳудуди муассисаи таълимӣ таҳти назорат қарор дода шудаанд. Аз ҳисоби омӯзгорон навбатдорӣ ташкил карда, хонандагон, омӯзгорон ва шахсони ба муассисаҳо воридшуда зери назорат гирифта шуда истодаанд. Дастаҳои дарҳо, синфхонаҳо, ошхонаҳо ва роҳравҳо безарар карда шуда истодаанд.

Дар ҳамаи ташкилоту муассисаҳо истифодаи маводҳои антисептики ва ниқобу дастпӯшҳои махсус аз ҷониби кормандон ба рох, монда, зери назорати қатъӣ қарор дорад.

Дар ҳафтавори «Паёми Сиитамен» ва «Махзани маърифат» баромадҳои духтурон ва мақолаҳо оид ба пешгирии паҳншавии беморӣ дарҷ гардида, ҳар ҳафта ду маротиба тариқи радиои маҳаллӣ баромадҳо нахш шуда истодаанд.

Напечатать страницу Напечатать страницу