КИТОБ – МАҲСУЛИ АҚЛУ ЗАКОВАТИ МАРДУМИ СОҲИБТАМАДДУН

Инсоният дар тӯли мавҷудияти худ, бо истифода аз ақлу заковати хеш сарватҳои моддию маънавии зиёде офаридааст. Китоб низ ҳамчун сарвати бузурги маънавӣ дар ҷомеаи башарӣ ҳамчун маҳсули ақлу заковати мардумони соҳибтамаддун шинохта мешавад. Нақши китоб дар инкишофи маънавиёт ва ташаккули шахсияти инсон саҳми бағоят бузург дорад. Ба шарофати мутолааи мақсадноки китоб ҳар шахс метавонад афкору андешаи парешони худро ба низом дароварад, фикр карданро ёд гирад ва донишу иттилооти худро васеъу амиқ намояд. Дар ҳамин заминаи сазовори инкишофёбӣ дар ҷомеа мавқеи шоистаи худро дарёбад ва ба комёбиҳо мушарраф шавад. Аз ин ҷиҳат, китоб қутбнамоест, ки инсонҳоро ба роҳи рост, ба сӯи маърифат ва дар ниҳоят ба соҳили мақсуд раҳнамоӣ мекунад.

Асоси пешрафти ақлии инсон ва ҷомеаро хондани китоб ва истифодаи ҳикмати бузурги он ташкил медиҳад. Аз ҳамин нуктаи назар аст, ки бузургтарин олимону донишмандон, қудрат ва тавоноии фикри инсонро баробар ба андозаи китоб хондани ӯ медонанд ва фикр кардани ӯро дар китобхонӣ мебинанд. Хушбахтӣ ва сарфарозии мо тоҷикон аст, ки шоирону олимонамон китобро дар сатҳи баланд ситоиш кардаву онро «фурӯғи субҳи доноӣ», «роҳатафзои ҷону роҳати дил», «дӯсти содиқу бошараф», «хуршеди ҷаҳони маънавии аҳли башар» ва «калиди қулфи ҳар мушкил» номидаанд.

Чӣ тавре ки мебинем, барои миллати мо тавсифи китоб ҳадду канор надорад. Дар ҷомеаи имрӯзаи мо низ китоб мақоми арзанда дорад. Аз ин ҷост, ки дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 26-уми декабри соли 2019 ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид, ба масъалаи китоб хондан таваҷҷуҳи хос дода шуд ва дар бораи китобхонаҳо ва нақши онҳо дар рушди маърифати инсон суханҳои арзишманде гуфта шуд. Мо ҳамагон шоҳиди онем, ки Пешвои миллат дар ҳар як суҳбату вохӯриҳо бо салоҳият ва масъулияти бузурги давлатдорӣ, бо таҳлил, далелнокӣ ва оянданигарии ба худ хос, масъалаҳои муҳимми имрӯзу ояндаи кишвари азизамонро ба самъи мо мерасонад. Яке аз муҳимтарин шакли муколама – Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони халқ мебошад. Паёми имсола чун давоми мантиқии Паёмҳои қаблии Пешвои миллат, ҳамчун санади муҳимми расмӣ, барномавӣ ва муайянкунанда буда, ифодаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи мукаммали фоъолияти тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад, Ин аст, ки на танҳо хизматчиёни давлатӣ, балки тамоми мардуми Тоҷикистон пайваста ба ин ҳуҷҷати ояндасоз рӯй оварда, мазмуну моҳияти онро сармашқи фаолияти худ қарор медиҳанд.

Пешвои миллат дар Паём, ба масъалаҳои китоб хондан, дониш андӯхтан, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дур шудан аз китобхониро яке аз масъалаҳои нигаронкунанда қайд карданд. Воқеан, муносибати ҳадафнок ба китобхонӣ ва огоҳ будан аз андешаҳои бузургони илму адаб, яке аз хусусиятҳои миллати соҳибтамаддун мебошад, ки мо имрӯз шоҳиди он ҳастем, ки қишри таълимгирандаи мо аз китобхонӣ дур шудаанд ва вақтҳои зиёди худро ба интернет сарф мекунанд. Албатта, интернет низ як воситаи иттилоъ ҷамъкунист, вале ҳеҷ гоҳ ҷойи китобро намегирад. Халқи тоҷикро ҷаҳониён, аз давраҳои қадим, тавассути илм, адабиёт ва санъаташ мешиносанд, ки ин нишонаҳои бузурги фарҳангиро маҳз китобҳо ҳифз ва баррасӣ намуда, то имрӯз овардаанд.

Имрӯз ҳам китоб шиносномаи шоистаи миллати мост. Таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллат ба китобхонӣ ва гузаронидани озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ» барои ҷалби доираи васеи ҷомеа дар ҳар сол идомаи фармудаҳои хирадмандона ва маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Махсусан, дар шароити муосир, ки ҷоҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон гардонидааст, рӯ овардани мо ба китобхонӣ, ки мақсуд рушди маърифати миллист ва огоҳ будан аз аслу насаби хешро таъмин менамояд, зарур ва ҳатмӣ мебошад. Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат масъалаи мазкурро ба миён гузошта, таъкид намуданд: «Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳимми илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад».

Воқеан, ин суханҳои Пешвои миллат, ки аз афкори маорифпарваронаашон сарчашма гириштааст, давоми мантиқии фармудаҳои бузургони гузаштагони мо мебошад. Гузаштагони мо ба китоб ва дониш эҳтироми бузург қоил буданд, аз ҷумла  «Дониш андар дил ҷароғи равшан аст. В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст!», «Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ, То тавонӣ рӯй бар ин ганҷ неҳ» (Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ) «Сухан бояд ба дониш дарҷ кардан, Чу зар санҷидан он гаҳ харҷ кардан» (Низомии Ганҷавӣ) ва монанди инҳо.

Ҷавҳари ҳидоятҳои Пешвои миллатро дар масъала омӯхтани илм – баланд бардоштани маърифатнокии мардум ва рушди маърифати миллӣ ташкил медиҳад. Ба тарзи дигар гӯем, танҳо дониш метавонад монеаҳои пешомадаро батараф намуда, роҳкушои фардои ободи кишвари азизамон гардад. Ба қавли Пешвои миллат: «Имрӯз нақш ва мақоми китоб ҳамчун манбаи муҳимми дониш ва таҳқиқи масоили гуногуни таъриху сиёсат, иқтисоду маънавиёт ва маорифу фарҳанги халқамон беш аз пеш меафзояд». Ё ҷойи дигар Пешвои миллат, мефамоянд: «Китоб калиди дониш ва воситаи асосии саводнокшавӣ аст».  

Ин ҳама таъкидҳои Пешвои миллат низ ба хотири маърифатнокии мардуми Тоҷикистон ва қобилияти сухандониву суханронии насли имрӯз ва ба роҳи дурусти ҳаёт ҳидоят намудани онҳо ба ҳисоб меравад. Ба қавли бузургон: «донистан тавонистан аст». Бешубҳа, ҷавҳари донистанро китоб ташкил мекунад. Зеро китоб аст, ки ба саволҳои «Барои чӣ?», «Чаро?», «Чӣ бояд кард?», «Чӣ беҳтар аст?», «Ман кистам?» ҷавоби мушаххас медиҳад. Ва китоб аст, ки мо таърих ва аслу насаби хешро меомӯзем. Тавассути китоб аст, ки мо саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро меомӯзем ва онро ҳамчун ғояи асосии вадандӯстиву садоқат ба Ватан қарор медиҳем.

Муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комили Ф.

Мутахассиси пешбари Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофзода Х.

Напечатать страницу Напечатать страницу