Санаи 20 марти соли 2020 судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистион Мирзозода П.Т. ва судяи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода З. дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи зергурӯҳи корӣ оид ба нишондиҳандаҳои “Ҳимояи сармоягузории миноритарӣ”, “Таъмини иҷроиши қарордод”, “Ҳалли масъалаи пардохтпазирӣ”-и Гурӯҳи кории салоҳиятнок оид ба ба баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон дар арзёбиҳои байналмилалӣ иштирок карданд.
Ҷаласа таҳти раисии муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршедаи Қодир, бо иштироки намояндаҳои вазорату кумитаҳо баргузор гардид.
Дар ҷаласа гузориши судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистион Мирзозода П.Т. оид ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки Умумиҷаҳонӣ барои солҳои 2019-2022 шунида шуд.
Вобаста ба иҷрои сархати дуюми банди 4.1. номгӯи чорабиниҳо оид ба интишори маълумоти оморӣ қайд гардид, ки тибқи моддаи 95 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як сол ду маротиба маълумоти омории шакли муқарраршударо пешниҳод мекунанд.
Марбут ба банди 9.1. нақшаи чорабиниҳо оид ба арзёбии мурофиаҳои судӣ ва масъалаҳои ҳуқуқӣ вобаста ба баррасии парвандаҳои иқтисодӣ бо мақсади муайянсозӣ ва бартараф кардани сабабҳои асосии кашолёбии баррасии парвандаҳо, аз ҷумла мавриди омӯзиш қарор додани ба тартиб даровардани шумораи зиёдшавии мавқуфгузориҳо ва маҳдуд намудани онҳо тавассути ворид намудани тағйирот ба моддаи 157 КМИ Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон ҷамбастии амалияи судӣ гузаронида шуд.
Бо назардошти асосҳо ва сабабҳои ошкоргардида, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба моддаи 157 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” омода ва ба вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа шуда, аз экспертизаи зидди коррупсионӣ гузаронида шудааст.
Қобили қайд аст, ки аз 02 январи соли 2019 ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон боби 12 1 мурофиаи Фармонӣ илова карда шудааст ва ин меъёр дар муҳлатҳои кутоҳтарин баррасӣ намудани баҳсҳои алоҳидаи иқтисодиро пешбинӣ менамояд.
Оид ба иҷрои бандҳои 9.2., 9.3., 9.4., 9.5., 9.6., раванди ҷорӣ намудани технологияи коммуникатсионӣ ҷиҳати автоматизатсиякунонии кори судҳо ва баланд бардоштани самаранокии шаффофияти низоми судӣ (соддагардонии баҳсҳои тиҷоратӣ байни соҳибкорон, пешниҳоди ариза-барои баррасии ҳалли баҳсҳои тиҷоратӣ тавассути платформаи интернетии суди дахлдор ва ирсоли аризаи шикоятӣ ба ҷавобгар ба воситаи почтаи электронӣ, дастрасии васеъ ба қарорҳои судӣ дар рӯзномаҳои махсус ва сомонаи интернетии суд) ҷоиз ба зикр аст, ки масъалаи таъмини шаффофияти фаъолияти суд дар маркази таваҷҷўҳ буда, дар соли 2019 Қарори Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1 аз 18 октябри соли 2019 “Дар бораи ошкоро будани муҳокимаи судӣ ва ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо” қабул гардида, бо мақсади таъмини дастрасии аҳолӣ ба иттилоот ҳамарўза дар сомонаи интернетии «www.soi.tj» дар хусуси фаъолияти Суди Олии иқтисодӣ ва судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ, инчунин чорабиниҳои баргузоршуда, ахборот манзур карда шуда, илова бар ин телефони боварии 221-15-58 амал мекунад, ки фаъолияти он ба қабули арзу шикоятҳои шаҳрвандон оид ба ҷой доштани мушкилиҳо зимни муроҷиат ба судҳои иқтисодӣ ва ҳалли саривақтии онҳо ба роҳ монда шудааст. Дар соли 2017 сомонаҳои судҳои иқтисодӣ аз нав коркард ва маълумотҳо дар бораи хабарнома доир ба таърихи баррасии парвандаҳои судӣ, маҷмӯаи Қарорҳои Пленуми Суди Олии иқтисодӣ, мақолаҳои илмӣ-ҳуқуқӣ ва дигарҳо дар бораи фаъолияти кории суд ҷой дода шудаанд, ки онҳо пайваста дастрасӣ ҷомеа мегарданд. Ҳамаи судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ бо техникаи компютерӣ таъмин бошанд ҳам, масъалаи бо компютерҳои соли бароришашон нав ва ба шабакаи интернетӣ пайваст намудани онҳо ҳалталаб мебошад.
Қобили тазаккур аст, ки масъалаи ворид намудани коргузории электронӣ дар низоми судҳои иқтисодӣ мавриди омўзиш қарор дорад.
Марбут ба иҷрои банди 9.7. нақша чорабиниҳо қайд намудан зарур аст, ки бо супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2017 ҳайати гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуда, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи медиатсия” омода гардида, барои омӯзиш ва пешниҳоди хулосаҳо ба вазорату мақомотҳои дахлдор пешниҳод карда шудааст.
Напечатать страницу