Cанаи 20-25 январи соли ҷори дар доираи Нақша-ҷадвали курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ дар соли 2020 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сармутахассисон, мутахассисони пешбари раёсатҳо, шуъбаҳо, бахшҳои умумии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлати курси такмили ихтисос аз рӯи барномаи «Ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: вазъ ва дурнамо» баргузор гардид, ки дар он мутахассиси пешбари Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғоибов Ғоиб ба таҳсил фаро гирифта шуд.
Курси такмили ихтисос як ҳафта идома ёфта, тибқи барномаи таълимӣ машғулиятҳо вобаста ба самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба иттилоот, заминаҳои ҳуқуқии амнияти иттилоотӣ, ҳуқуқҳои рақамии шаҳрвандон дар ҳукумати электронӣ, рушди ҳукумати электронӣ, ҳукумати электронӣ-механизми самараноки мубориза бар зидди коррупсия, мушкилоти ҷорикунонии ҳукумати электронӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо ва дигар масъалаҳои мубрами соҳа доир гардид.
Баъди ба итмом расидани таҳсил дар маҷлисгоҳи Донишкадаи идоракунии давлатии Назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид. Дар кори мизи мудаввар роҳбарияти донишкада ва устодон бо шунавандагон мубоҳида баргузор намуданд ва шунавандагону иштирокчиён вобаста ба ташаккули Ҳукумати электронӣ таклифу пешниҳодҳо намуданд, ки аз ҷониби Роҳбарияти донишкада пазируфта шуд.
Дар анҷом шунавандагон бо гувоҳнома аз номи роҳбарияти Агенти ва туҳфаҳои хотирави сарвароз гардонида шуданд.
Маркази матбуоти СОИ ҶТ