Имруз дар маҷлисгоҳи бинои ноҳияи Спитамен Маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Спитамен дар соли 2019 баргузор гардид.
Дар маҷлиси ҷамъбастӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, раис, муовинони раиси ноҳия, раисони ҷамоатҳо, роҳбарои ташкилоту муассисаҳо, намояндагони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва дин, фаъолони соҳаҳо, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Маҷлиси ҷамъбастиро раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам ифтитоҳ намуда, доир ба натиҷаҳои ҷамъбасти соли 2019 ва вазифаҳои минбаъда барои соли 2020 муовини якуми раиси ноҳия, маърӯза ва масъулони соҳаи кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, кумитаи замин, роҳбарони корхонаҳо ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия вобаста ба корҳои анҷомдода дар соли 2019 ахборот манзур намуданд.
Баъдан Раиси Суди Олии иқтисодии ҶумҳурииТоҷикистон доир ба камбудиву норасоиҳои ноҳияи Спитамен дар соли 2019, аз ҷумла, оид ба иҷро нагардидани ду намуди андоз, пардохти ҳаққӣ истифодаи нерӯи барқ, вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳия назди ҳозирин сухан гуфта, онҳоро ба амалҳои созанда ва бунёдкорона даъват намуданд.
Маркази матботи СОИ ҶТ
Напечатать страницу