- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Аёдати кудакони ятим ва бепарастор дар арафаи соли нави мелодӣ

Санаи 31 декабри соли 2019 Раиси Суди Олии иқтисодӣ – намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен, Қаландарзода Мавлуда бо мақсади расонидани табрикоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони ноҳия сафар намуданд.

Дар рафти сафар Қаландарзода Мавлуда бо Раиси ноҳияи Спитамен  Сулаймонзода Акрам, роҳбари Дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ Ҷамшед Қаҳҳорзода ва кормандони суди иқтисодии вилояти Суғд бо мақсади аёдат ба хона интернати нохияи Спитамен ташриф оварда бо як қатор ятимон ва кудакони бепарастор вохӯрӣ намуданд. Қаландарзода Мавлуда ятимон ва кудакони бепарасторро ба муносибати фарорасии соли нави мелодӣ аз номи Президен ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуданд. Инчунин кумак аз қабили маҳсулоти ниёзи аввал ва либоса тақдим гардид.

Имрӯзҳо дастгири намудани табақаи эҳтиёҷманди аҳолӣ ба хусус ятимону бепарасторон, ин нишони дар амал татбиқ шудани супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати иҷтимоии мамлакат мебошад.