Муҳтарам сокинони шарафманди ноҳияи Спитамен,
Меҳмонони гиромӣ,
Фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯзи ҷаҳонафрӯзро, ки ба шарофати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азиз ва ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳонишавии он дар саросари олам таҷлил мегардад, аз номи Роҳбари давлат самимона табрику муборакбод менамоям.
Наврӯз бо обу хок, марзу бум ва рӯҳи зиндагисозу тамаддунофари ниёгони мо пайванди азалӣ дошта, расму ойинҳои он дорои рамзҳое мебошанд, ки аз замонҳои бостонӣ то имрӯз бо рӯзгори мардуми созандаву ободгар, инсондӯсту таҳаммулпазири мо созгоранд. Дар айёми Наврӯз табиат ва инсон неруи наву созанда пайдо карда, дилу андешаҳо баҳам меоянд, одамон амалҳои саховату накукорӣ ва хайру савобро ба ҷо оварда, ба ҳамдигар шодию нишот эҳдо мекунанд.
Имрӯзҳо баҳори нозанин ва Наврӯзи оламафрӯз бо пайғоми неку ҷовидонї ва паёми хуҷастаи сарсабзию шукуфоӣ қадами файзбор ба сарзамини биҳиштосои мо мениҳад ва аз файзи қадаму «нафаси мушкфишонаш» ин куҳандиёр «дигар бора ҷавон мегардад».
Воқеан, Наврӯз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо – тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз маҳсуб меёбад, ки аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башарӣ, дӯстию иттиҳод, созандагӣ, ободкорӣ, инсонпарварӣ ва шукргузории бепоён аз неъматҳои табиат мардумро гирдиҳам овардааст.
Наврӯзи оламафрӯз рӯзгори одамиро пайваста поку ғанӣ ва сабзу хуррам нигоҳ медорад ва ҳамеша ба сарзаминҳои нав ба нав доман паҳн мекунад, густариш меёбад ва ҷаҳонӣ мегардад. Аз ҳаминҷост, ки 18 феврали соли 2010 Созмони Милали Муттаҳид, қатъномаи «Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз»ғро ба тасвиб расид. Тибќи он ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 21 март ҳамчун «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» таҷлил карда мешавад ва он ҳамчун “Фарҳанги сулҳ” унвон гардидааст.
Бояд гуфт, ки ҳар ҷашну маросими мардумӣ ҳикмат ва баракате дорад. Хусусан Наврӯз, ки маҷмӯае аз андӯхтаҳои хирадмандонаи халқу миллатҳои куҳанбунёд мебошад, ҷашнест, ки зиндагию рӯшноӣ, некию накукорӣ, сулҳу созандагиро меситояд ва мақоми инсонро азизу гиромӣ медорад. Мардуми тоҷик хушҳолу сарбаланданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ин ҷашни бостониро чун дастоварди бузурги хиради башар пазируфтааст ва итминон дорем, ки он василаи пуртаъсире барои таҳкими сулҳу суббот ва оромию ободӣ дар ҷаҳони муосир хоҳад буд.
Дар ин раванд, ҳар яки мо ҳам бояд шукрона кунем, ки маҳз бо шарофати сиёсати фарҳангдӯстонаи Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон таљлили љашни Наврӯз имрӯз шукӯҳи тоза гирифта, дар фазои озоду сулҳу субот, дар давлати соҳибихтиёру обод ва ваҳдати миллї таҷлил карда мешавад.
Яке аз анъанаҳои башардӯстонаи Наврӯз бахшиши гуноҳҳо, навозиши ятимону аёдати калонсолон ва хайру эҳсон ба дармондагону ниёзмандон мебошад. Боиси қаноатмандист, ки ҷавонмардони саховатманд ин анъанаи неки ниёгонро идома бахшида, ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату муҳтоҷон пайваста дасти мадад дароз мекунанд.
Ба хотири фароҳам овардани зиндагониии арзанда ба мардуми сарзамин дар Паёми навбатии хеш ба Маљлиси Олї Пешвои миллат таъкид намуданд, ки “корҳои созандагиву ободонї ба муносибати 30 солагии истиќлолияти давлатї дар баробари сохтмон ва таъмиру тармими иншоотҳои иљтимої, инчунин мушкилоти таъмини аҳолї бо оби босифтаи ошомиданї дар маҳалҳои аҳолинишин, махсусан, деҳот бояд ҳал карда шавнад”
Дар ин асно, афзун намудани дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишварамон аз ҳар як фарди бо нангу номуси кишвар тақозо менамояд, ки бунёдкорию созандагиро ба меъёри зиндагии ҳамарӯзаи худ табдил дода, минбаъд низ бо неруи дучанд барои ободонии Ватани азизамон саъю талош намоем. Наврӯзи имсола боз аз он ҷиҳат хотирмону ҷолиб ба шумор меравад, ки он оғози корҳои ободониву созандагї мебошад ва Пешвои миллат ин солро дар Паёми навбатии худ “Соли рушди деҳот, сайёҳї ва ҳунарҳои мардумї” эълон намуданд.
Бино ба ақидаҳои хосу ом, дар рӯзҳои Наврӯз фариштагони некукор аз осмон ба замин мефуроянд, то ба одамони ҳимматбаланду саховатпеша ба қадри ҳимматашон бахту сурур, файзу баракот ато намоянд. Боварї дорам, ки соҳибкорону саховатпешагон дар пайгирии сиёсати созандаи Пешвои миллат баҳри анљоми амалҳои хайр, ободии ноҳия бештар ҳиссагузор мешаванд. Маъно ва маслаки қадимтарин ҷашни мардумамонро метавон бо мафҳуми зер баён кард, ки он рамзу рози покию тозаги, файзу баракот, нафосату зебогиву аст. Оини ҷашни соли нави тоҷикӣ талаб мекунад, ки ба покию тозагии хона, ҳавлӣ ва гирду атроф ороиши шаҳр, деҳа, маҳал, хусусан ҷӯю дарёҳо, фазои атрофи он эътибори хоса дода шавад.
Аз ин рӯ моро лозим меояд, ки ҷавобан ба ин ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғайратмандона меҳнат намуда, бо ҳисси баланди миллӣ аз Ватан, баҳри пешрафти давлати соҳибистиќлоламон содиќона саъю талош намоем ва тамоми неруву дониши худро бобати дар микёси љаҳон боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тољикистони азиз равона созем.
Ҳозирини гиромӣ,
Ноҳияи Спитамен имрӯз қабои идона ба бар кардааст. Мардуми шарафманди меҳнатќарини ноҳия ин ҷашнро бо омодагии зиёд истиқбол мегиранд ва барои дар сатҳи баланд баргузор шудани он корҳои зиёди ободкорию кабудизоркунӣ ба анҷом расонида шуданд. Ба боридани барфу борон ва сардиҳо нигоҳ накарда мардум дар рӯзҳои истироҳат ба ҳашар баромада, дар тозаву озода, сабзу гулзор намудани кӯчаву хиёбонҳо саҳми калон гузошта, ин ҳама боиси зебої ва муҳити ноҳия, поку тозагии обу ҳавои он гардидаанд.
Дарвоқеъ имрӯз Спитамен ќабои дигарро ба бар намуда, рӯз ба рӯз ободу зебо мегардад. Вале ҳанӯз барои ободии бештару беҳтари он имкониятҳои зиёд мавҷуданд, ки ҳар як сокини ноҳия бояд барои ободии он саҳми худро гузорад, ҷои зист ва кори худро ҳамеша поку зебо нигоҳ дорад, то макони зисти модар ҳамаи фаслҳои сол ба наврӯзгоҳи ҳақиқӣ табдил ёбад.
Бори дигар ҳамаи Шуморо ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуда, ба Шумо саломатӣ ва барори кор мехоҳам.
Наврӯзатон муборак!