- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Тантанаҳои наврӯзӣ дар Суди Олии иқтисодӣ

20 марти соли 2019 дар бинои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Суди Олии иқтисодӣ, муовинони Раиси Суди Олии иқтисодӣ, судяҳо ва кормандони судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангию фароғатии нарӯзӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкурро Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қаландарзода Мавлуда бо сухани табрикотӣ оғоз намуда, иштироккунандагони чорабинии мазкурро бо Иди байналмилалии Наврӯз табрик намуданд.

Қаландарзода Мавлуда қайд намуданд, ки  “Ҷашни байналмилалии Наврӯзи ҷаҳонафрўз ба шарофати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азиз ва ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳони шуда он дар саросари олам таҷлил мегардад. Воқеан, Наврўз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо – тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврўз маҳсуб меёбад, ки аз замонҳои қадим то ба имрўз бо ғояҳои олии башарӣ, дўстию иттиҳод, созандагӣ, ободкорӣ, инсонпарварӣ ва шукргузории бепоён аз неъматҳои табиат мардумро гирдиҳам овардааст.”

Дар чорабинии идона бо иштироки кормандони дастгоҳи суд саҳначаи хаҷви баргузор гардид, ки аз он нишастагон болида гардиданд, инчунин дар зери навои мусиқи рақсу хурсанди намуданд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ