Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодӣ маросими шиносоии судҳои навтаъиншуда баргузор гардид.
Дар оғоз Раиси суди Олии иқтисодӣ Қаландарзода Мавлуда судяҳои навтаъиншударо ба роҳбарият ва кормандони судҳои иқтисодӣ муаррифӣ намуда онҳоро ба хотири ба ин вазифаи пурмасъули сатҳи болоии ҳокимияти судӣ таъин гардиданашон табрик намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки санани 29 марти соли 2019 дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум баргузор гардид.
Дар он аъзои Маҷлиси миллӣ тибқи пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарорҳои дахлдори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминзода Қутбиддин, Наимзода Бахтиёр ва Раҳимзода Хисрав қабул намуданд.
Дар охир Қаландарзода Мавлуда судяҳои навтаъиншударо барои дар фаъолияташон барпо намудани адолати судӣ барору комёбиҳо таманно намуданд.
Маркази матбуоти СОИ ҶТ

