Машғулияти семинарии навбатии кормандони дастгоҳи Судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тибқи нақшаи гузаронидани машғулияти семинарӣ бо кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ ва судҳои иқтисодии вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе дар нимсолаи якуми соли 2019 бо иштироки Сардори Раёсати Суди Олии иқтисодӣ Асрорзода Зуҳуриддин,  мудири бахши кадрҳо ва корҳои махсус Шарофзода Далер ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ, Суди иқтисодии вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе машғулияти семинарӣ доир гардид

Дар семинар сардори Раёсати Суди Олии иқтисодӣ Асрорзода Зуҳуриддин, оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», талабот нисбат ба хизматчии давлатӣ, одоби хизматчии давлатӣ, омӯзиши Дастурамалҳои мансабии хизматчиёни давлатии маъмурии Судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин вобаста ба терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирии он, суханрони намуданд.

Дар идомаи семинар Ҳалимзода Қувват – сармутахассиси суди Олии иқтисодӣ дар мавзӯи “Омӯзишӣ Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистион “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат”” , Файзов Фаридун – котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе дар мавзӯи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, Сулаймонзода Д – котиби маҷлиси судии суди иқтисодии вилояти Хатлон ва Назарзода Даврон котиби марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодӣ дар мавзуъҳои гуногун бароманд намуданд.

Дар идомаи семинар кормандон  доираи мавзуъҳои номбаршуда мубоҳисаҳо намуданд

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу