Санаи 22 марти соли равон Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон – намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен Қаландарзода Мавлуда дар чорабиниҳои идонаи Наврӯзи, ки бо иштироки роҳбарияти ноҳия, фаъолон ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, инчунин меҳмонон аз Ҷумҳурии Узбекистон ширкат доштанд, иштирок намуданд.
Дар ибтидони чорабинии идона Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ паёми табрикии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба самъи мардуми ноҳия расонид
Чи тавре, ки хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Спитамен хабар медиҳад, чорабинии асосии таҷлили ҷашни Наврӯзӣ худи ҳамин рӯз дар варзишгоҳи марказии “Чашма” баргузор гардид, ки дар чорабинии мазкур намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ, намояндаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, муовини Раиси вилояти Суғд Рустам Каримзода, намояндаи Ҷумҳурии ӯзбекистон, муовини якуми ҳокими Бекободи Ҷумҳурии ӯзбекистон Мирзақулов Беҳзод Фахритдинович бо ҳайати калони меҳмонон иштирок доштанд. Сараввал меҳмонон вориди варзишгоҳ гардида, аз хаймаҳои наврӯзӣ, ки аз ҷониби Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва ташкилоту муассисаҳо ташкил гардида буд, дидан намуданд ва ба ташкили чорабинии ноҳиявии наврӯзӣ баҳои баланд доданд. Сипас Раиси ноҳия чорабиниро ифтитоҳ намуда, кулли мардуми ноҳияи Спитаменро бо фарорасии ҷашни Наврӯз табрик намуд. . Муовини якуми ҳокими шаҳри Бекободи Ҷумҳурии ӯзбекистон Мирзақулов Беҳзод Фахритдинович, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини Раиси вилояти Суғд Рустам Каримзода низ сокинони ноҳияро бо ин ҷашни фархундаи Наврӯзи оламафрӯз табрик намуданд. Бо барномаи театркунонидашудаи Наврӯз қисми фарҳангии ҷашни ҷашнӣ оғоз гардид, ки дар он аз пайдоиш ва таърихи Наврӯз намоишнома пешниҳод гардид. Аз тарафи санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия, ҳунармандони вилояти Суғд ва шаҳри Бекободи Ҷумҳурии ӯзбекистон консерти идона пешкаш гардид.
Маркази матбуоти СОИ ҶТ