- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Иштирок кормандони Суди Олии иқтисодӣ дар тантанаҳои ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ дар “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе

Рӯзӣ 22 март Муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Абдуҷаббор бо ҳамроҳии Судяи ҳамин суд Мирзозода Парвиз ва кормандони суд дар тантанаҳои ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ , ки дар “Наврӯзгоҳ” – и пойтахт баргузор гардид, иштирок намуданд.

Дар оғози чорабини Пешвои миллат суханрони табрикоти намуда, зимни суханронии табрикотии худ ҳамаи ҳамватанон, сокинони пойтахт ва меҳмононро бо иди бошукуҳи Наврӯзи байналмилалӣ, ҷашни эҳёи табиат, ибтидои пешомадҳои нав, оғози ниятҳои баҳорӣ ва нақшаву тадбирҳои тоза табрику таҳният гуфтанд.

 

Тантанаҳои Наврӯзи байналмилалӣ бо барномаи рангину пурмӯҳтавои театрикунонидашудаи устодони санъат ва ҳаваскорон, ки таҷассумгари оинҳои хоси Наврӯзи байналмилалӣ буд, идома ёфт.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ