Вохӯрӣ бо кормандони воҳидҳои сохтории ҶСК “НБО Роғун” дар маҷлиси сайёри судӣ

Санаи 1 феврали соли 2019 ҳайати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии Муовини Раиси Суди Олии иқтисодӣ Аминзода 3. дар бинои маъмурии Ҷамъият дар маҷлиси сайёри судй парвандаи иқтисодиро бо даъвои ҶСК “НБО Роғун” нисбати Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Саидзода 63” дар бораи рӯёнидани маблағҳои арзиши маҳсулотҳои таҳвилдоданашуда ва ҷаримаи батаъхирандозй, мавриди баррасй қарор доданд.

Пас аз ба анҷом расидани  мурофиаи судй Муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминзода 3. дар мавзӯи “Паёми Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилй ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, бо роҳбарият ва кормандони воҳидҳои сохтории Ҷамъият сӯҳбат ороста, оид ба моҳият, мазмун ва мавқеи Паём дар кору фаъолият ва зиндагонии ҳар як шахс ба ҳозирин фаҳмонида, ба саволҳои онҳо посух доданд.

Аминзода З. қайд намуданд, ки Паёми Президенти кишвар ҳамаи самтҳои фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тодикистон, корхонаву идораҳои давлатй ва ҷамъиятй, соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, тандурустй, фарҳанг, илму маориф, пешравй ва мушкилоти мардумро дар бар мегирад. Дар Паём аз ҷумла, дар бораи таълиму тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносию худогоҳй, ватандӯстиву ватанпарастй, садоқат ба ватан ва дур будан аз равияҳои ифротгаро ва эсктремистй, махсус диққат дода шудааст.

Бояд гуфт, ки дар шароити имрӯза ҳазорон ҷавонон дар бунёди Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” фаъолият менамояд, ки нишонаи возеҳи ба меҳнати пуршараф ва арзишманд ҷалб гардидани ҷавонон ва дар ин васила дур будани онҳо аз таблиғоти неруҳои ифротгаро ва бадхоҳони миллат мебошад. Аз ин лиҳоз, ҳар яки мову шуморо зарур аст, ки фаъолияти худро дар асоси дастуру ҳидоятҳои арзишманди Асосгузори судҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон дарҷ гардидаанд, ба роҳ монем.

Инчунин дар ин сафар Аминзода З дар шаҳри Роғун бо роҳбарият ва кормандони ҶДММ “Бунёди Роғун” дар мавзӯи “Танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуда қайд карданд, ки соли 2008 аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллй – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба имзо расида, мавриди истифодаи шаҳрвандон, корхонаву ташкилотҳо қарор гирифтааст. Ба ғайр аз ин, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 дар бораи риояи муқаррароти қонунҳои миллй, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тодикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тодикистон”, таъқид намуданд.

Бояд қайд кард, ки Қонуни мазкур то ин муддат аз манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тодикистон ҳимоя карда истода, барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ нақши муҳимро иҷро намуда истодааст. Зеро дар ҳақиқат сарфу харди зиёдатй ҳангоми гузаронидани ин ё он ҷашну маросим ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазоӣ маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддй ворид менамоянд.

Дар охир муҳтарам Аминзода З. ба саволҳои иштироккунандагон ҷавобҳои мушаххас доданд.

Напечатать страницу Напечатать страницу