Санаи 22 октябри соли 2018 дар Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо-и шаҳри Ҳисор аз ҷониби Судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода М.С., ва мутахассиси пешбари бахши кадрҳо ва корҳои махсуси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бегиҷонзода М.Б. бо сокинон вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ намояндагони Суди Олии иқтисодӣ дар мавзуъҳои дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва ҳифзи арзишҳои он; Аҳамият ва ҷойгоҳи Конститутсия дар ҷомеаи демократии Тоҷикистон; пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ; шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муборира бар зидди терроризм»; шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар мавзуъҳо бо иштирокчиёни маҷлис сўҳбату вохури гузаронида шуд.