Мақоми занон дар ҷомеа аз Паём сарчашма мегирад

Тавре Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишварамон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қайд карданд, зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Бинобар ин минбаъд низ мақоми занон дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи он дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ меёбад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ дар ин самт амалӣ гардида, барои фаъолияти занон имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуданд.

Барои мисол дар соҳаи маориф ва тандурустӣ солҳои охир шумораи занону духтарон бомаротиб афзоиш ёфтааст.

Имрӯз шумораи занон дар сафи хизматчиёни далатӣ афзоиш ёфта, соли 2018 дар мансабҳои роҳбарикунанда, 19 фоиз ва дар ҳайати хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ ва сохторҳои тобеи он 25 фоизро занону духтарон ташкил медиҳад.

Ҳамзамон дар Паём аз модарону бонувони кишвар даъват ба амал оварда шуд, ки дар риояи қонунҳои миллиамон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ” ва “Дар бораи масъулити падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” боз ҳам фаъол бошанд, фарзандонро ба зиндагии мустақилона омода карда, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоянд, сарфаю сариштакориро, ки яке аз хислатҳои беҳтарини миллати қадимаи мост, риоя кунанд, дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҳамеша пешсаф бошанд, расму ойин, анъанаву суннатҳо ва фарҳанги миллиамонро ҳифз намоянд.

Бонувону модарони мо бояд, муҳимтар аз ҳама, барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки мо онро маъмулан забони модарӣ меномем, кӯшиш карда, ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзонанд.

Гулмаҳмадова М.Д. – корманди дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Напечатать страницу Напечатать страницу