- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Паём ҳамчун чароғи роҳнамо ва пешбарандаи ҷомеа – тавзеҳи Паёми Пешвои миллат дар ноҳияи Спитамен

Аз 7 то 10 январи соли 2019 Раиси  Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қаландарзода М.С. дар якҷоягӣ бо  вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тибқи нақша пешбинӣ шуда, дар шаҳраку  ҷамоатҳои  ноҳияи Спитамени вилояти Суғд  бо аҳли  ҷамоатчигии  ноҳия     доир ба таблиғи  муҳтавои  Паёми  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 26 декабри соли 2018   ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буд, мулоқот баргузор намуданд.

Раиси Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун роҳбари гурӯҳи кории Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия дар баромадҳои худ  иброз доштанд, ки Паёми  Пешвои миллат  ҳамчун роҳнамои ҳадафҳои  созандаи кишвар буда, таҳлили тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро  дар бар мегирад. Дар ҳаёти ҷамъиятию-сиёсӣ, иқтисодию-иҷтимоии кишвар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат  Президенти  мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун чароғи роҳнамо ва пешбарандаи ҷомеа баромад намуда, амали шудани нақшаю вазифаҳои гузошташудаи имрӯзу фардои ҷомеаро дар бар мегирад.

Инчунин қайд намуданд, ки  Пешвои миллат ба масъалаҳои иҷтимоӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, оид ба боло бурдани сатҳи иқтисодиёт, дастгирии соҳибкорон ва фаъолияти онҳо, рушд додани саноат, афзун намудани теъдоди корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав ва ба ин роҳ таъмини сатҳи иҷтимоӣ, маошу нафақа, касбомӯзи, дастгирии занон ва фароҳам овардани шароити хуби зиндаги, барои мардум вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта шуд.

Ҳамзамон, ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини амнияти миллӣ, манфиати давлату ҷомеъа, волоияти қонун баромадҳо намуда, иштирокдоронро  оид ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ, мубориза ба терроризму экстремизм  пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ дастурҳои мушаххас доданд.

Раиси Суди Олии иқтисодӣ аз  дастовардҳои беназири соли 2018, амсоли ба истифода дода шудани чархаи якуми НОБи “Роғун”, барқарории муносибатҳои дӯстона бо ҳамсоякишвар – Узбекистон, ки хешу ақрабову пайвандонро ба дидору висоли ҳамдигар расонида, боиси рушди ҳамкорӣ гардидааст, ёдовар гардида,  иброз доштанд, ки чунин дастовардҳо ифтихор ва нури умеду боварӣ ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон бори дигар дар қалбҳои мардуми кишвар маскан ва таҳким бахшид..

Дар ҳар як вохӯриву мулоқотҳои доиргардида  атрофи нуктаҳои Паём иштирокчиён андешаҳои худро иброз карданд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ