Санаи 10 январи соли 2019 раиси Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен Қаландарзода мавлуда дар маҷлисгоҳи калони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен дар маҷлиси фаъолони ноҳия оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтиомӣ дар соли 2018 иштирок намуданд.
Дар маҷлиси ҷамъбастӣ раиси ноҳия Акрам Сулаймонзода, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Қобилов, Т. Бухориев ва Ҳ. Ҳакимзода намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд иштирок намуданд.
Ҳамчунин дар маҷлис муовинони раиси ноҳия, раисони Ҷамоатҳо, роҳбарони ташкилоту муассиса, намояндагони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва дин, фаъолони соҳаҳо, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ва дигар шахсони мутасаадӣ иштирок намуданд.
Баъдан роҳбари гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Қаландарзода
Мавлуда мазмуну муҳтаво ва нуктаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки 26 декабри соли 2018 ба Маҷлиси Олии мамлакат ирсол гардид, ба сокинони ноҳия шарҳу тафсир намуданд доир ба баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат ва вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳия назди ҳозирин сухан гуфта, онҳоро ба амалҳои созанда ва бунёдкорона даъват намуданд.
Аҳли нишаст, ки намояндагони табақаҳои гуногуни иҷтимоии аҳолии ноҳия-кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, намояндагони мақомоти ҳифзи қуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони маҳаллаҳо, ходимони дин, ҷавонон ва занони фаъоли ноҳия буданд, иброз доштанд, ки дастуру супоришҳои Сарвари давлатро, ки аз Паёми навбатӣ бармеоянд, сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, дар навбати худ муҳтавои онро дар маҳалҳои зисташон ба мардум мерасонанд.
Маркази мартбуоти СОИ ҶТ